Кӯлоб: Минтақавиҳо заруранд?

Дар рафти нишасти матбуотӣ ба Маъруф Ҷаъфарзода — сардори Раёсати молияи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб чунин савол пешниҳод шуд: “Дар минтақаи Кӯлоб беш аз 40 филиалҳои идораю бахшҳои вилоятӣ мавҷуданд. Ба болои ин, идораҳои дар шаҳри Бохтар буда ба шаҳру навоҳии Кӯлоб бо ҳар баҳона маслиҳату машваратдиҳӣ ва санҷиш меоянд. Оё ба филиалҳои дар Кӯлоб будаашон боварӣ надоранд?”.

Ба ин пурсиш ӯ чунин посух дод: “Буҷети нигоҳдории солонаи филиалҳои бахшу мақомоти вилоятӣ дар минтақаи Кӯлоб 78 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дигар ин ки, ҳам идораю бахшҳои вилоятӣ ва филиалҳои онҳо дар минтақа нақшаҳои кории худро доранд. Ин ҷо ягон нобоварӣ несту танҳо ҳар кадомаш аз рӯи нақшаҳояшон фаъолиятҳояшонро пеш мебаранд”.

Аммо ба назари мо зарурати мавҷудияти филиалҳо дар минтақаи Кӯлоб шояд набошад. Беҳтар мебуд бо ин 78 миллион сомонӣ дар минтақаи Кӯлоб 2-3 корхона месохтанд, ки дар ҳар кадомаш 4-5-ҳазорнафарӣ соҳиби ҷои кор мешуданд.

Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *