Кӯлоб: Саг 16 сокинро газида, захмӣ кард (аудио)
Дирӯз дар шаҳри Кӯлоб як саг якбора 16 сокинро газидааст. Феълан 14 нафари онҳо дар Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб ва боқимонда дар Беморхонаи бисёрсоҳавии вилоятии шаҳри Кӯлоб ба номи Абдулмаҷид Ҳақназаров бистарӣ мебошанд.
Як манбаъ аз Маркази давлатии назорати санитариву эпидемиологии шаҳри Кӯлоб ба Pressa.tj гуфт, ҳоло маълум нест, ки саг соҳиб дорад ё не. “Девона будани саг ҳам ҳанӯз номаълум аст. Саг нест шудааст. Вале сари саг ба Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ супорида шудааст, то маълум кунанд, ки девона аст ё не. Тамоми шароит барои табобати сокинони захмишуда фароҳам аст. Онҳо зери назорати табибон ҳастанд. Аз буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои харидории доруворӣ (имунаглабулин) маблағ ҷудо шудааст”,- афзуд вай.
Манбаъ мегӯяд, ки мутаассифона, дар миёни сокинони зарардида аз саг кӯдакон ҳам ҳастанд. Ҳоло сиҳатии онҳо зери назорати табибон аст.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ