Назарзода Бахтиёр

Кӯлоб соҳиби корхонаи лифт мешавад

Раиси шаҳри Кўлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ба саволи хабарнигорон оид ба омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин посух дод.

— Аз рўи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кўлоб 225 лоиҳа ба маблағи умумии зиёда аз 7 миллиард сомонӣ бояд амалӣ шавад. То ҷашни 35-солагии Истиқлоли кишвар бояд 462 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Аз онҳо аллакай 68-тояш ба истифода дода шуд,- гуфт ӯ.

Ба гуфти раиси шаҳри Кӯлоб, аксари иншооти ҷашнӣ корхонаҳои саноатианд. Боиси шодмонист, ки дар шаҳри Кўлоб корхонаҳои истеҳсоли лифтҳо, биомембрана (барои гармхона), истеҳсоли пунбад (як навъ матоъ) бунёд хоҳанд ёфт, ки назири онҳо дар ҷумҳурӣ нест.

Нурулло ҲАСАНОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *