Кӯлобу Бохтар ҳам ба низоми биллингӣ мегузаранд
Дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар низоми биллингӣ ё пешпардохти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ карда мешавад.
Дар ин бора 9-уми июн парлумони Тоҷикистон қарор қабул кард. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар назди вакилон гуфт, ҷорӣ шудани низоми биллингӣ дар доираи тарҳи «Кам намудани талафоти нерӯи барқ дар вилояти Хатлон» амалӣ мешавад. Ба гуфтаи вазир, ин тарҳ бо харҷи 35 миллион доллар амалӣ шуда, 15 миллиони он гранти Иттиҳоди Аврупо ва 20 миллиони дигар қарзи Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд аст.
Лоиҳа соли 2021 оғоз шуда, то соли 2025 идома меёбад. Ҳамчунин, дар доираи ин барнома сохтмони зеристгоҳҳо ва иваз кардани хатҳои интиқоли барқ дар назар аст. Ёдовар мешавем, ки соли 2013 ширкати «Барқи тоҷик» дар чанд шаҳру ноҳияи кишвар барои санҷиш низоми биллингро ҷорӣ кард ва онро як усули раҳоӣ аз гум шудани пулҳои истифодаи нерӯи барқ ва беҳбуди вазъи соҳа номид.
Ҳоло чунин низом дар шаҳри Хуҷанд ва ба таври таҷрибавӣ дар Кӯлобу баъзе аз маҳаллаҳои ноҳияи Рӯдакӣ амал мекунад. Ин таҷрибаест, ки аллакай Ширкати “Помир Энержӣ” дар минтақаҳои вилояти Бадахшон барвақт истифода кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ