Кӯмаки  башардӯстонаи Тоҷикистон ба Ҳирот

Тоҷикистон ба мардуми аз заминларза зарардидаи вилояти Ҳироти Афғонистон кумаки башардӯстона мефиристад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ ба “Pressa tj” иттилоъ дод.

«Тибқи дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишвар айни ҳол барои расонидани кӯмаки башардӯстона ба мардуми зарардидаи Афғонистон аз вазъи бавуқуъомада дар пайи заминларза чораҳо меандешад”.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир ҳукумати кишвар ният дорад ба он ҷо танҳо маводи ниёзи аввалро ирсол намояд. Ҳоло маълум нест, ки кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон чӣ миқдор аст ва кай ба мардуми зарардидаи кишвари ҳамсоя расонида мешавад.

Рӯзи 9-уми октябр масъулони сафорати Афғонистон дар Душанбе ба хотири қурбониёни зилзилаи маргбор дар Ҳирот парчами кишвари худро пойон андохтанд. Ҳамзамон дар толори пазироии сафорат китоби сабти ҳамдардӣ бо мардуми Ҳирот гузошта шуд.

Ёдовар мешавем, ки бар асари заминҷунбии шадид дар Афғонистон беш аз 2 ҳазор нафар қурбон шуда, даҳҳо ҳазор тани дигар бехонаву дар монданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *