Кӯмаки КҲФ ба сайёҳи моргазида
Наҷотдиҳандагони КҲФ ба сайёҳе, ки шоми шанбе дар кӯҳистони Варзоб мор газида буд, кӯмак расониданд.
«Дар бораи ҳодиса як сокини Душанбе, ки ӯро ҳамроҳӣ мекард, ба қисми навбатдорӣ хабар додааст. Ба ҷойи ҳодиса навбатдори Раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ сафарбар карда шуд. Маълум гардид, ки қурбонии мор зодаи шаҳри Хабаровск (Русия) 29-сола будааст», — хабар медиҳад КҲФ.
Ҷабрдида аз шоҳроҳи асосӣ, ки наҷотдиҳандагон ва табибон ба он ҷо баромадаанд, 6 километр баландтар будааст. Ба ӯ дар ҷойи ҳодиса ёрии аввалия расонида, баъдан ба поин бурда, дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе бистарӣ кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ