Кӯмаки саривақтӣ бо маводи санитарӣ-гигиенӣ ба 100 муассисаи таълимӣ дар саросари кишвар

ЮНИСЕФ бо дастгирии Фонди Xylem, ИМА ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 100 муассисаи таълимии кишвар, дар доираи Нақшаи умуҷумҳуриявии назорат ва пешгирӣ аз сироятёбӣ, маводи зарурии санитарӣ-гигиенӣ дастрас намуд.

Душанбе, 14 апрели соли 2021 — ЮНИСЕФ, Тоҷикистон бо дастгирии саривақтии Фонди Xylem, ИМА ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии сироятёбӣ маводи муҳими санатарӣ-гигиениро харида, ба 100 муассисаҳои таълимӣ дар саросари кишвар дастрас намуд. Маводи мазкур барои мусоидат ва тарғиби беҳдошти саломатӣ тавассути шустани дастҳо, тоза ва безараргардонии биноҳои таълимӣ, таъмин намудани таҷҳизот барои истифода ва нигоҳдории иншооти санитарӣ-гигиенӣ, воситаҳои муҳофизатии шахсӣ барои кормандони муассиса равона шудааст.

Тақрибан 38 ҳазор омӯзгорон ва хонандагон, аз ҷумла маъюбон аз ин дастгирӣ баҳра хоҳанд бурд.

Тақсимоти ин лавозимот, аз ҷумла собун, маводи дезинфексионӣ, маводи иттилоотӣ оид ба беҳдошти саломатӣ ва риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, ҳамчунин назорат ва пешгирӣ аз сироятёбӣ, дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии об, ки ҳамасола 22 март қайд карда мешавад, равона карда шудааст ва ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва фаҳмиши аҳамияти дастрасӣ ба об, ҳифз ва истифодаи самараноки он мебошад.

Хонум Латофат Назирӣ, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бобат қайд намуданд, ки «Вазорат кӯшишҳои ЮНИСЕФ ва ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла ҳукумат, шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусиро дар самти беҳтар намудани муҳити таълим дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва таъмини амнияти кӯдакон қадр мекунад. Мо бояд ба таҳсилоти кӯдакон афзалият диҳем. Ин маънои онро дорад, ки муассисаҳои таълимӣ ҳамчунин мавзеи бехатаранд ва дастрасӣ ба маводи санитарӣ-гигиенӣ ва оби тозаи нӯшокӣ таъмин шадааст».

Пандемияи COVID-19 хотиррасон кардааст, ки яке аз роҳҳои самараноки пешгирии паҳншавии вирус низ яке аз соддатаринҳост: гигиенаи дастҳо, хусусан шустани дастҳо бо собун. Барои пешгирии сироятёбӣ аз вируси COVID-19 ва дигар касалиҳои гузаранда имрӯзҳо ва баҳри беҳдошти саломатӣ дар оянда низ шустушӯи даст бо собун афзалиятнок боқӣ хоҳад монд.

Хонум Зайнаб Ал-Аззавӣ, муовини намояндаи ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Барномаи беҳдошти саломатии UNICEF дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ба муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ равона шудааст ва дар таблиғи муҳити бехатар ва солим барои кӯдакон диққати асосӣ медиҳад. Дастрасӣ ба хизматрасониҳо ва маводи санитарӣ-гигиенӣ дар муассисаҳои таълимӣ бояд боз ҳам беҳтар карда шавад, то хавфи сироятёбӣ, аз ҷумла COVID-19 пешгирӣ карда шавад. Риояи шартҳои оддӣ ба мисли шустани дастҳо ва риояи гигиенаи шахсӣ хавфи паҳншавии сироятҳоро коҳиш медиҳад».

Сарфи назар аз он, ки ҳам дастрасӣ ва ҳам сифати таҳсилот дар самти беҳбудӣ аст, рушди инфрасохтори санитарӣ-гигиенӣ мушкилоти асосӣ боқӣ мемонад. Бо ишора ба маълумоти Барномаи мониторинги муштараки Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНИСЕФ, 79% муассисаҳои таълимӣ дар саросари кишвар ба системаи амалкунандаи об дастрасӣ доранд, 47% муассисаҳои таълимӣ ба беҳдошти саломатии такмилёфта ва танҳо 26% муассисаҳои таълимӣ бо об ва собун, ки дар ҷойҳои махсуси шустушӯи даст дар назди ҳоҷатхонаҳо мавҷуданд, таъмин ҳастанд. Вазъи умумии санитарӣ-гигиенӣ дар муассисаҳои таълимӣ дастгирии иловагиро барои фароҳам овардани шароити мусоид барои таълими босифат ва дастрас, махсусан барои духтарон ва кӯдакони имконияташон маҳдудро талаб мекунад.

ЮНИСЕФ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳам кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то кӯдакон дар саросари ҷумҳурӣ аз дастрасии баробар ба хизматрасониҳои мувофиқи беҳдошти саломатӣ баҳравар бошанд. Барои беҳтар ва самаранок ба роҳ мондани хизматрасониҳо, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ ва шарикони рушд диққати бештарро ба баррасии низому стандартҳои  марбут ба инфрасохтор ва беҳдошти саломатӣ дар муассисаҳои таълимӣ идома хоҳад дод. Ҳамзамон, ЮНИСЕФ ва шарикон, назорати дастрасӣ ба соҳаи беҳдошти саломатӣ дар муассисаҳои таълимиро идома дода, камбудиҳои мавҷуда ва имкониятҳои нави рушди тавонмандиро, аз ҷумла, дар самти истифода ва нигоҳдории инфрасохтори санитарӣ-гигиенӣ, тақвияти иртибот оид ба тағйири рафтори иҷтимоӣ ва мусоидат ба истифодаи самараноки захираҳо, барои васеъ кардани дастрасӣ ва ҳалли мушкилиҳои устуворӣ дар саросари кишварро идома хоҳанд дод .

################

Барои маълумоти иловагӣ, лутфан тамос гиред:

Шӯҳратҷон Шарифов, корманди бахши иртиботот, ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон

Email: [email protected]

Эҳсон Сафарзода, котиби матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Email: [email protected]

Дар бораи ЮНИСЕФ

ЮНИСЕФ дар баъзе аз ҷойҳои сангинтарини ҷаҳон баҳри кӯмак ба кӯдакони камбизоати дунё кор ва фаъолият мекунад. Мо дар беш аз 190 кишвари дунё, барои ҳар як кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунем, то ҷаҳони беҳтарро барои ҳама созем.

ЮНИСЕФро дар Twitter ва Facebook пайгирӣ кунед.

Оид ба Барномаи муштараки барқарорсозии инфрасохтори санитарӣ-гигиенӣ

Дар соли 2019 ЮНИСЕФ барои беҳтар кардани дастрасӣ ба инфрасохтори санитарӣ-гигиенӣ, таҷҳизот ва машғулиятҳои беҳдошти саломатӣ дар 45 муассисаи таълимии 19 ноҳияи ҷумҳурӣ шурӯъ кард. Дар посух ба дархости Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи мазкури барқарорсозӣ ва сохтмони иншооти санитарӣ-гигиенӣ ба зиёда аз 45,000 кӯдакон, омӯзгорон ва кормандони масъули муассисаҳои таълимии такягоҳӣ манфиат хоҳад овард. Маводи санитарӣ-гигиении мазкур ба 100 муассисаи таълимии иловагӣ дастрас гардиданд, ва беш аз 38 ҳазор кӯдакон ва омӯзгорон, ки тақрибан 1400 нафари онҳо кӯдакони дорои маъюбият ҳастанд, аз ин иқдом баҳра мебаранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *