Кумакпулӣ барои як кӯдак 6150 рублро дар бар мегирад
Дар Русия ба оилаҳое, ки кӯдакони аз 8 то 16-сола доранд, кумакпулиҳои нав пардохт хоҳанд шуд.
— Аз 1-уми апрел дар Русия пардохти нав барои кӯдакони аз 8 то 16-сола бо назардошти оилаҳои камбизоат ҷорӣ мешавад,- хабар медиҳад REGNUM.
Оилаҳо аз 1-уми апрел имтиёзҳо мегиранд. Яъне, дар моҳи май пул фавран думоҳа — моҳи апрел ва моҳи май меояд. Маблағи асосии пардохт 50% ҳадди ақали зиндагӣ барои як кӯдак — ба ҳисоби миёна тақрибан 6150 рублро ташкил медиҳад.
Агар ҳангоми таъини кумакпулӣ даромади миёнаи ҳар сари аҳолӣ аз ҳадди ақали зиндагӣ камтар боқӣ монад, кумакпулӣ ба андозаи 75 фоизи ҳадди ақали зиндагӣ дар ҳудуди минтақавӣ таъин карда мешавад. Агар ҳамзамон даромади оилаҳо аз ҳадди ақали зиндагӣ дар минтақа камтар боқӣ монад, волидон метавонанд ба андозаи 100 фоизи ҳадди ақали зиндагӣ дар минтақа кумакпулӣ гиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ