Кӯр асояшро чанд бор гум мекунад?

Қариб ним аср аст, ки Афғонистонро ҷангу бедодиву қатлу куштору хонасузӣ ва ё ба қавли афғонҳо, чуру чаповул домангир аст.

Қариб ним аср аст, ки оташи дардодаи манфиатҷӯёну қудратталабон ва сиёсат бозиҳои хориҷиён дар ин сарзамин хушку тарро баробар месӯзонад…

 Таҳаввулоти тайи рӯзҳои охир дар Афғонистонсуратгирифта, таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба худ ҷалб карда, атрофи нокомиҳои неруҳои ҳукумати Афғонистон дар муқобила бо Толибонро, аз хурд то бузург ба тавру гунаи худ шарҳу тавзеҳ медиҳанд…

Таҳаввулоти Афғонистон ҳодисоти солҳои навадуми кишвари моро пеши назар меорад: Он солҳо ҷудоиандозони миллат айнан чунин сенарияро рӯи даст доштанд: мекуштанду месӯхтанду молу амволро ба ғанимат мебурданд…

Бар асари нобасомониҳо, миллат қурбони сиёсатбозиҳои  қудратталабон гашт: теъдоди аъзами ҳамватанҳоямон ба хотири дифоъ аз ҷони худ иҷборан дар Афғонистон паноҳанда шуданд. Воқеан ҳам, ғурбатсаро дарде буд ҷонсӯзу ҷонкоҳ ва тамошои наворҳои ҳузнангези Афғонистони имрӯза, оворагиҳои ҳамватанҳои моро  пеши назар меоранд.

Хеле дардовару ҷонсӯз аст, вақте тавассути наворҳо мебинӣ, ки дар фурудгоҳи Кобул кудаки сесолае зери таҷаммуъгарон монда, ҷон ба Ҳақ месупорад ва ё модаре ба хотири ояндаи дурахшони фарзандаш ва зинда мондани ӯ, ягона тифлакашро ба дасти сарбозони турк месупорад…

Айнан чунин ҳодиса дар солҳои навадум гиребонгири теъдоде аз ҳамватанҳои мо низ гашта буд. Мардуми қурбонии тавтиаи бо ном “озодихоҳон”-гашта, зери тиру туфанги аҷнабиён тарки ҷоҳу ҷалол карда, симхорҳои зери сарҳадро дар минтақаи Шаҳритусу Қубодиёну Панҷ макони амн қарор дода буданд. Дар он лаҳзаҳои ҷонсӯз, ҳама мушкилот болои сари мардуми бедифоъ буд. Саркардаҳое, ки  дини мубини Исломро ниқоб бар чеҳраҳои манфури худ карда, оташи ҷангро дар дода буданд, қабл аз ҳама бо ҷамъи хонадонашон аз дарё гузашта, дар Эрону Покистону Афғонистон зери сояи хоҷагони наҳсу нафспарварашон роҳат доштанд. Аммо мардуми одӣ, ки дур аз сиёсату бозиҳои пасипардагии қудратталабон буданд, лаби дарёи  Ому ҳоли зоре доштанд: тифлаке, рӯи ҷасади модари бар қалб тирхурдааш, ба ҷои шир мехурд хуни модар…

Дохили қамишзори лаби дарёи Ому, ҷавонзане тифли бечону беҳоли аз сардӣ ба шаҳодатрасидаашро сахт ба оғӯш гирифтаву талх навҳа дошт…

Гӯшаи дигар, тифли навзабонбаровардаи тоҷик бо гарданаки каҷ имдодталабона аз модар нон мепурсиду охирин нафасҳои зиндагӣ мекашид…

Чандин тифлакони тоҷикро бегонагон аз сарҳад бо худ бурданд…

Зане аснои таваллуди фарзанд, дохили заврақи худсохти афғонҳо, ки мебоист Ому мегузашт, ҷон ба Ҷонофарин супурд… 

Теъдоде аз афғонҳои мусаллаҳи даҳону бинибаста, дар марзи Тоҷикистон чизу чораи паҳну парешони тоҷикони овора тагу боло карда, беҳтарин ашёву колоро бо худ мебурданд… Касе ёрое надошт дар муқобили ин калашникуфбадастҳо садо баланд намояд…

 Ҳарчанд оворатоҷикон ба қавли худ дар андак муддат бо кумаку мадади созмонҳои хайррасону мардуми саховатманди Афғонистон “серу пур” гашта буданд, аммо рӯздармиён даҳҳо нафар аз ҷавонмардону пирону занон дар ёду фироқи Ватан ба шаҳодат мерасиданд…

Хоҷапарастоне, ки аз номи мардуми гуреза, назди хоҷагонашон тимсоҳвор ашк мерехтанд, аз ҳисоби ба қавли худашон “байтулмол” дар вилаю хонаҳои бароҳат истиқомат доштанд. Онҳо зери хаймаҳои латтагини сарду тор иқомат карданро барои худ ор медонистанд…

Дар он лаҳзаҳои мушкилу ҳассос, оворатоҷикон хуб дарк карда буданд, ки ҳама даву този “ҷиҳодпарастон”-ро омил НАФС асту бас. Онҳо сер буданд ва парвои гуруснагон надоштанд ва ба амсоли Толибони имрӯза ҷиҳати бароварда сохтани эҳтиёҷоти худ омода буданд, МОДАРУ ҲАМСАРАШОНРО ҳам бар ивази як пули сиёҳ тақдими хоҷагонашон кунанд.

Аммо билохира бодовардаҳоро бод бурд… Миллат аз ҳар гуна чошу пошхӯрӣ наҷот ёфт. Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллат гашту қатраҳои оби садпорагаштаро ба ҳам овард, давлати пуриқтидори Тоҷиконро эҳё намуд.

АҚЛ аз болои ҷаҳлу нафс пирӯз шуд.

Ҳар кӣ дар роҳи миллату халқи худ чоҳ канд, ба чоҳи кандааш худ сарозер шуд.

Ва гузаштаи талхи миллат, ҳар гуна бадкору  бадхоҳу хоҷапарастро ҳушдор медиҳад, ки:

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад!

Мутаассифона, имрӯз дар дохилу хориҷ аз Ватан афроди толибнамое арзи ҳастӣ доранд, ки бо ҳар роҳу васила мехоҳанд дигарбора тарҳу нақшаи хоҷагонашонро пиёда созанд. Аммо фаромӯш кардаанд, ки хоҳу нохоҳ дар оташи ғазабу кину қаҳру тавтиаашон рӯзе не рӯзе худ хоҳанд сӯхт!  Инро мебояд бори дигар аз таҷрибаи талхи гузаштаашон сабақ гиранд…

Аз пешрафту бунёдкориҳо ва ҳамарӯза шукуфоии Душанбеи азизу дар маҷмуъ Тоҷикистон, метавон соатҳо ҳарф зад, аммо…

Аммо ин матлабро ҳамчун  ҳушдорнома ба он теъдод аз ҳушу ёд аздастдодаҳое, ки дар сар фикри қудраттлабӣ мепарваранду манофеи худро болотар аз ҳар гуна манофеи миллӣ медонанд, муносиб дидаам.

Ҳушдорномаест ба маҳалбозону мағалбозоне, ки ҳам дар дохил ва ҳам хориҷ аз кишвар боз мехоҳанд дигарбора миллатро побанди хостаҳои муғризонаву манфиатҷуёнаи худ гардонанд.

Он тоҷиктифлаконе, ки бар асари қудратталабии зумрае аз побанди нафсгашта, аснои гурезагӣ дар сарҳади тоҷику афғон аз меҳру навозиши волидайн маҳрум гашта буданд, имрӯз шояд ба синни 30 солагӣ расидаву соҳибоилаанд…  Ва шояд саҳафоти китоби хунини он ҳодисоти фоҷеабори миллат варақгардон созанду ба худ суол диҳанд, ки кӣ онҳоро аз меҳру навозиши модару падар маҳрум кард… Кӣ ҷавоби онҳо медиҳад?

Суханро ба дарозо намебарам, балки бо ин гуфтаҳо иктифо карда, ҳар гуна қудратталабу манфиатҷуву маҳалбозу мағалбозро аз номи теъдоде аз собиқ паноҳандагони тоҷик ҳушдор медиҳам, ки:

Дигар ҳеҷ нокасу тангдилу хоҷапарасту хоину манфиатҷӯе онҳоро бозичаи дасти худ нахоҳад кард!

Балки эшон дар ҳамбастагиву иттиҳоду ваҳдату осоиштагӣ зиндагӣ пеш хоҳанд бурд ва яклаҳзаина оромиву осоиш ва ҳаловати зиндагиро болотару волотар аз ҳар гуна сиёсатбозиҳои сиёсатбозони қудратталаб хоҳанд донист.

Тамом! Вассалом!

Муҳиддин Идизода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *