Кӯшониён: Қаҳрамон ҳаргиз намемирад! Аёдати наздикони сарбозону афсарони шаҳидшуда
Дар ноҳияи Кӯшониён наздикон ва пайвандони сарбозону афсароне, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ба ҳалокат расиданд, пайваста аёдат карда мешаванд.
Роҳбарияти ноҳияи Кӯшониён ва намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оилаҳоеро, ки фарзандонашон дар муноқишаи сарҳадӣ бо Қирғизистон шаҳид шуда буданд, аёдат карданд.
Ба волидони афсароне, ки дар иҷрои вазифаи хизматӣ ба ҳалокат расидаанд, ҳамдардӣ ва барои тарбияи фарзандони далеру шуҷоъ изҳори сипос карда шуд.
— Гуфта шуд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан қарзи инсонӣ ва шарафи бузург барои ҳар як ҷавонмарди тоҷик аст. Онҳое, ки баҳри ҳимояи Ватан ҷон додаанд, қаҳрамонони зиндаёди кишвар мебошанд. Рафтори ҷавонмардонаи онҳо боиси ибрати дигар ҷавонон буда, барои онҳо чун дарси шуҷоату мардонагӣ боқӣ хоҳад монд. Қаҳрамонон ҳаргиз намемиранд,- мегӯянд масъулин.
Волидони ҷавонони дар роҳи Ватан шаҳидгардида аз дастгириҳои Роҳбари давлат ва масъулини ноҳияи Кӯшониён изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфтанд, ки “ҳарчанд фарзандҳои мо аз олам гузашта бошанд ҳам, вале ҷон додан барои ҳифзи марзу буми кишвар шарафи бузург аст”.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ