Кӯшониён: 176 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин

Давоми соли равон дар ноҳияи Кӯшониён 176 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шудааст. Вобаста ба ин шахсони қонуншикан наздики 38 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи идораи замин дар ноҳияи Кӯшониён, 176 ҳолати қонунвайронкунии замин дар майдони андаке бештар аз 33 гектар замин аст. Аз ҷумла, бо моддаи 148-ум 77 ҳолат, бо моддаи 141-ум 10 ҳолат, бо моддаи 143-юм 17 ҳолат, бо моддаи 146-ум 47 ҳолат ва бо моддаи 156-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шудааст.

Ба маълумоти идораи болозикр, барои дар маҳал бартараф кардани қонунвайронкуниҳо 176 дастур ва 65 протоколу қарори маъмурӣ дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *