Кӯшониён нақшаи даъвати ҷавонон ба артишро пеш аз муҳлат иҷро кард

Дар ноҳияи Кӯшониён нақшаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Қуваҳои мусаллаҳи кишвар пеш аз муҳлат иҷро гардид. Нақша беш аз 100 дарсад ҳанӯз 13-уми ноябри соли равон таъмин шудааст.

Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ба Pressa.tj гуфтанд, ки нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 102,5 дарсад иҷро шудааст.

Гуфта шуд, ки бештар кардани суҳбату вохӯрӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон дар пайвастани онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат мусоидат намудааст.

Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба Pressa.tj хабар доданд, ки нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳру ноҳияҳои Данғара, Левакант, Норак, Носири Хусрав, Фархор, Вахш, Ховалинг ва Балҷувон иҷро шудааст.

Даъвати тирамоҳӣ дар Тоҷикистон аз 1-уми октябр оғоз мешавад ва то охири ноябр идома мекунад.

Мақомоти дифоии Тоҷикистон мегӯянд, ки феълан зиёда аз 30 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро иҷро кардаанд.

Дар вилояти Хатлон гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ идома дошта, то ҳол ҳудуди 81%-и нақша иҷро гардидааст. Ин нишондод дар вилояти Суғд 72% ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 94%-ро ташкил медиҳад.

Вазорати мудофиа мегӯяд, ки барои даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳарбӣ ду моҳ пешбинӣ гардида бошад ҳам, бисёре аз шаҳру навоҳии мамлакат нақшаро пеш аз муҳлат иҷро мекунанд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *