Кӣ ҳақ, вазорати молия ё Талко?
Гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон дар бораи зиёни ширкати Талко ба иқтисоди кишвар миёни коршиносону соҳибназарон баҳсҳо ба миён овард. Вазорат ба фаъолияти толлингӣ гузаштани ТАЛКО-ро зараровар хондааст, зеро бо ин усул айни ҳол ин корхона аз истеҳсофли ҳар як тонна алюминий 100 доллар зарар мебинад.
Тибқи гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ТАЛКО дар солҳои 2010-2015 ва аввали соли 2016, ки ҳафтаи гузашта расонаӣ шуд, усули толлингӣ ТАЛКО-ро дар вазъи ногувор қарор додааст. Тибқи гузориши Вазорати молия, «гузаштан ба системаи толлингӣ, ширкати алюминийи тоҷикро ба хароҷоти бесамар, ношаффоф будани ҳисоботи молиявӣ ва қарордодҳо, зиёд гардидани хароҷоти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ, пардохти барзиёди маблағҳои беасос барои хизматрасониҳои беруна (адвокатҳо) ва дар ин замина ба зиёд гардидани қарзҳои дебиторию кредиторӣ оварда расондааст, ки дар натиҷа «Талко» имрӯз дар вазъияти ногувори молиявӣ қарор дошта, бо зиён фаъолият дорад».
Толлинг ба чунин маъност, ки як ширкати беруна ба «Талко» ашёи хом дода, ба иваз маҳсулоти коркардшуда, яъне алюминийи аввалияро мегирад. «Талко» аз коршарики толлингиаш танҳо ҳаққи истеҳсоли алюминийро мегирад. Дар асоси ҳисоботи Вазорати молия “Talco Management Limited”, ки соли 2007 барои ТАЛКО таъминкунандаи ашёи хом интихоб шудааст, аз ҳар тонна алюминий 500 доллар мегирад. Ин дар ҳолест, ки ТАЛКО аз коркарди ҳар тонна алюминий 100 доллар зарар мебинад.
Инчунин, ТАЛКО 3,8 миллиард сомониро, ки давоми солҳои 2010-2015 аз тиҷорати байналмилалӣ ба даст овардааст, дар ҳисоботаш нишон надодааст: “Дар баробари ин истеҳсоли алюминийи аввалия аз 348,8 ҳазори соли 2010 дар соли 2015 то ба 139,1 ҳазор тонна поин фаромад. Қарзи корхона ба ҳолати аввали соли равон 2 миллиарду 257,1 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати нишондоди соли 2010 859,1 миллион сомонӣ бештар мебошад”. Вазорати молия инчунин афзудааст, ки теъдоди коргарони ТАЛКО низ кам шуда, аз 10 ҳазору 166 нафари соли 2010 то ба 7 ҳазору 623 нафар дар соли 2015 расидаанд.
Талко: Дар Вазорати молия дониши паст доранд
Аммо масъулини ТАЛКО дар ҷавоб ба ин гузориши Вазорати молия гуфтанд, ки низоми толлингӣ корхонаро аз басташавӣ наҷот дод. Дар изҳороте, ки дар ҳузури хабарнигорон садо додааст, масъулини ширкати Талко гуфтаанд, ки бо интиқоди ахири вазорати молия розӣ нестанд. Дар посухи расмии Талко ба вазорати молия гуфта мешавад, ки хулосаҳои ин сохтор нисбати ширкат «воқеияти ҳолро дар шароити буҳрони молиявӣ ва иқтисодӣ баён намекунад». Масъулини Талко аз фаъолияти ин ширкат ҳимоят карда, иброз намудаанд, ки «бинобар дониши пасти мутахассисони вазорати молия дар робита ба усули толлинг, самаранокии ин усул дуруст арзёбӣ нашудааст ва вазорат дар арзёбии он аз бархӯрди ғайрикасбӣ кор гирифтааст».
Игор Сатторов, сардори департаменти иттилот ва таҳлили Талко, ки ин изҳоротро ба хабарнигорон қироат мекард, гуфт, ки дар робита ба ин амалкарди вазорати молия ширкати «Талко» посухи муфассал омода карда, ба унвонии ҳукумат ирсол хоҳад кард, то ин ки ҳукумат самаранокии кори ширкатро баҳо дода, ин амалкарди вазорати молияро арзёбӣ кунад. И. Сатторов афзуд, ки инчунин вазорати молия дар гузоришаш ширкати Талкоро ба он айбдор донистааст, ки гӯё 1,1 миллиард долларро аз давлат пинҳон кардааст. Аммо ӯ гуфт, ки ин иддао комилан асос надорад ва аз вазорати молия пурсид, ки оё дар робита ба ин иддао ягон далеле дар даст дорад? Масъулини Талко иддао доранд, ки вазорати молия бори дувум аст, ки бо пахши иттилоти носаҳеҳ ба обрӯи ин ширкат латма ворид мекунад. Дар изҳороти «Талко» гуфта мешавад, ки соли 2014 вазорати молияи Тоҷикистон бо нашри як гузориш гуфта буд, ки ширкат дар ҳолати муфлисшавӣ қарор дорад. Ба гуфтаи Сатторов, изҳороти вазорати молия ҷараёни музокироти ин ширкатро бо Бонки исломии рушд ба ҳам зад. Вай гуфт, ширкат барои гирифтани 24 миллион доллар қарз аз ин ниҳоди молӣ дар ҳоли гуфтугӯ қарор дошт, вале пас аз пахши изҳороти вазорати молияи Тоҷикистон, Бонки исломии рушд таъҷилан ҳамаи музокиротро бо ин ширкат қатъ кард ва ҳоло низ ин гузориши вазорати молия метавонад ба обрӯи «Талко» латма ворид созад.
Коршинос чӣ мегӯяд?
Вазорати молия ба коҳиши андозҳое таъкид кардааст, ки ҳар сол ширкати Талко пардохт мекунад. Бинобар таҳлилҳои Вазорати молия, Талко дар соли 2013 146,8 миллион сомонӣ андоз пардохт кардааст, ки нисбат ба соли 2012 77 миллион сомонӣ камтар аст. Соли 2014 ин ширкат ба давлат аз ин ҳам камтар, каме беш аз 97 миллион сомонӣ андоз супурда буд. Талко дар ним соли 2016 ба буҷети давлат 51 миллиону 600 ҳазор сомонӣ андоз супурдааст. Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Нуриддин Қаюмов бо хулосаи Вазорати молия оид ба камсамар будани фаъолияти ширкати алюминии тоҷик аз рӯи низоми толлингӣ комилан розӣ аст. «Дар аввал ҳам муқобили гузаштани ТАЛКО ба низоми толлингӣ будам. Ин методи куҳна аст, ки ба ҳиллаву найранг ва фиребгарӣ нигаронида шудааст», — гуфтааст профессор дар “Азия плюс”. Ба андешаи коршинос, ба воситаи ин низом шахсони муайян тариқи минтақаҳои оффшорӣ ба пулшӯйӣ машғул мешаванд. «Хулласи калом, ин низом воситаест барои ғорати корхона, ки айни замон давлат амалиёти онро пурра таҳти назорат дошта наметавонад», — чунин мешуморад ӯ. Қаюмов дар идома гуфт, моҳияти масъала дар он аст, ки ширкати алюминий бояд Тоҷикистонро хӯронаду пӯшонад, вале дар асл корхонаро давлат дастгирӣ мекунад. Номбурда таъкид дошт, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ корхона бидуни миёнараве метавонад мустақилона худашро бо ашёи хом таъмину маҳсулот истеҳсол карда, онро фурӯшад. «Дар шароити иқтисоди бозорӣ ин тарзи кор судмандтарин аст», — гуфт ӯ. Барои истеҳсоли алюминий дастрасӣ ба неруи барқи арзон омили асосӣ аст. «ТАЛКО тамоми сол бо тарифҳои пасттарин бо неруи барқ таъмин аст.
Маълумотнома Ширкати «Талко», собиқ ТадАЗ (корхонаи алюминсозии Тоҷикистон), дар миёнаҳои солҳои 1970 сохта шудааст. Ин корхона аз соли 2005 ин ҷониб тибқи низоми толлинг фаъолият дорад. Ин корхона аз ашёи хом аллюминиюм истеҳсол карда, танҳо ҳаққи коркарди ашёи хом ва ба аллюминиюм табдил додани он маблағ мегирад. Худи корхона ҳаққи мустақиман дар бозори ҷаҳони фурӯхтани алюминиюмро надорад. Коршарики “Талко” ширкати оффшории Talco Management Limited мебошад.
Таҳияи Усмон РАҲИМЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ