Кӣ қасди ҷони сухангӯи Кумитаи гумурук кард?
Табибон мегӯянд, ки вазъи Фахриддин Собиров, сухангӯи Кумитаи гумруки Тоҷикистон, ки шаби 13-уми октябр мавриди ҳамла қарор гирифт, фавқуллода вазнин аст.
Наздикони хабарнигори собиқи Телевизиони Тоҷикистон рӯзи 14-уми октябр ба гуфтаанд, ки афрод, ё фарди ношиносе шаби 13-уми октябр бо олоти сахте ба сари Фахриддин Собиров зада ва аз ҷойи ҳодиса гурехтааст. Сабабҳои ҳамла ба Фахриддин Собирови 51-сола, ки ҳафтае пеш сардори дафтари матбуоти Кумитаи гумрук таъйин шуд, маълум нест ва мақомоти шӯъбаи дохилии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе гуфтаанд, ки тафтиши ҳодиса ва ҷустӯҷуи муттаҳам ба ҳамла идома дорад.Табибон гуфтаанд, ки бинобар зарбаи сахт, сари Фахриддин Собиров сахт осеб дида ва дучори хунравии мағзӣ шудааст. Маҳмуд Ҳасанов, яке аз ҷарроҳони Собиров гуфтааст, ки вазъи бемор “фавқуллода вазнин аст” ва аз ин бештар шарҳ надод.Ба гуфтаи фарзанди Собиров, ҳамла дар яке аз маҳаллаҳои марказии шаҳри Душанбе дар наздикии Телевизиони Сафина ба вуқӯъ пайвастааст ва падарашро гуруҳе беҳуш пайдо карда ва мошини ёрии таъҷилиро хостаанд.Дар гузашта ҳам Абдураҳим Умариён, сухангуи собиқи Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳам мавриди латукуб қарор гирифтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ