Кӣ аз ҳама бештар яроқ мефурӯшад?

Институти байналмилалии пажӯҳишҳои сулҳи Стонкголм (SIPRI) мегӯяд, дар як даҳсолаи ахир воридоти аслиҳа ва таҷҳизоти низомӣ аз сӯи кишварҳои Ховари Миёна 87 дарсад афзоиш ёфтааст.


Институти байналмилалии пажӯҳишҳои сулҳи Стонкголм (SIPRI) мегӯяд, дар як даҳсолаи ахир воридоти аслиҳа ва таҷҳизоти низомӣ аз сӯи кишварҳои Ховари Миёна 87 дарсад афзоиш ёфтааст. Бар пояи ин пажӯҳиш, Амрико бузургтарин фурӯшандаи аслиҳа дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Бино ба гузориши SIPRI аз рӯзи 11-уми март, содироти аслиҳа дар ду давра — байни солҳои 2009-2013 ва 2014-2018, дар маҷмӯъ 87 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар ҳамин давра воридоти таҷҳизоти низомӣ ба қораи Амрико, Аврупо, Шарқи Осиё ва Африқо коҳиш ёфтааст. Дар панҷ соли гузашта кишварҳои Осиё ва Ховари Миёна муҳимтарин дарёфткунандагони таҷҳизоти низомӣ будаанд.

SIPRI мегӯяд, байни солҳои 2014 то 2018 содироти аслиҳаи амрикоӣ 36 дарсад афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи Институти байналмилалии пажӯҳишҳои сулҳ (SIPRI), 52 дарсади содироти аслиҳаи Амрико ба Ховари Миёна рост меояд.

Арабистони Саудӣ дар садри панҷ кишвари аслии воридкунандаи таҷҳизоти низомӣ қарор дорад ва муштарии аввали таҷҳизоти низомии Амрико аст. Имороти Муттаҳидаи Араб низ дар ҷойгоҳи савуми муштариёни таҷҳизоти низомӣ аз Амрико аст. Ҳинд, Миср, Австралия ва Алҷазоир дигар харидорони аслии таҷҳизоти низомӣ будаанд. Ҳинд муштарии аввали таҷҳизоти низомии Русияву Исроил ва Миср муштарии аввали аслиҳаи Фаронса ҳастанд.

Арабистони Саудӣ дар айни ҳол муҳимтарин муштарии таҷҳизоти низомӣ аз Бритониё, Шведсия, Швейтсария ва Канада аст. Дар панҷ соли гузашта Имороти Муттаҳидаи Араб муҳимтарин муштарии таҷҳизоти низомӣ аз Туркия буд, дар ҳоле, ки содироти аслиҳа аз Туркия ба Арабистони Саудӣ низ дар ҳамин давра10 дарсад афзоиш ёфтааст.

SIPRI аз ҷумла сабабҳои афзоиши харидории таҷҳизоти низомӣ аз сӯи бархе кишварҳои арабии Ховари Миёнаро танишҳо байни ин кишварҳо ва Эрон, ҷанг дар Яман ва бӯҳрон байни Қатар ва муттаҳидони Риёз арзёбӣ кардааст.

Ауде Флеурант, мудири SIPRI мегӯяд, таҷҳизоти низомии Амрико дар панҷ соли гузашта дар умум ба 97 кишвари ҷаҳон содир шудаанд. Ин аслиҳаи содиршуда дар маҷмӯъ ҳавопаймоҳои ҷангӣ, мушакҳои кӯтоҳпарвоз ва миёнапарвоз ва миқдори зиёди бомбаҳо будаанд.

Русия ҳамчунин мақоми дувуми худ дар миёни бузургтарин фурӯшандагони таҷҳизоти низомиро ҳифз кардааст. SIPRI мегӯяд, содироти таҷҳизоти низомии Амрико дар байни солҳои 2014-2018 «75 дарсад бештар аз Русия буд, дар ҳоле, ки дар байни солҳои 2009-2013 ин фарқ танҳо 12 дарсад буд».

Фурӯши аслиҳаи русӣ низ дар муқоиса ба ду давраи гузашта (2009-2013 ва2014-2018) 17 дарсад коҳиш доштааст. Сабаби аслии он, камтар шудани тақозои харидории аслиҳа аз сӯи Ҳинд ва Венесуэла гуфта шудааст.

Фаронса, Олмон ва Чин дар ҷойгоҳи савум то панҷум қарор доранд. Амрико, Русия, Фаронса, Олмон ва Чин фурӯшандаи дар маҷмӯъ 75 дарсади таҷҳизоти низомӣ дар ҷаҳон будаанд.

Дар як гузориши SIPRI аз моҳи декабри соли 2018 гуфта шуда буд, ки ширкатҳои амрикоӣ дар соли 2017 ба миқдори 222,6 миллиард доллар ва ширкатҳои Русия 37,7 миллиард доллар аслиҳа содир кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *