Кӣ бояд рӯза нагирад?

Вақте инсон бемор асту тавони рӯзадорӣ надорад, чӣ кор бояд кунад? Оё ягон амале ҳаст, ки дар ҳоли иҷрои он  баробари рӯзадорӣ савоб дошта бошад?

Муродҷон Саидов. ш. Қурғонтеппа

Ба суоли Шумо раиси Шӯрои уламои  Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода чунин посух дод:

— Надоштани рӯза вобаста ба беморӣ аст. Аслан ҳикмати рӯза сиҳату саломатии инсон аст. Рӯза ба хотири он аст, ки инсон саломат бошад. Паёмбари ислом ҳам дар ҳадисаш мегӯяд, ки шумо рӯза бидоред, то сиҳатманд бошед. Яъне рӯза ба саломатии инсон фоида дорад. Вале агар беморӣ бо сабаби рӯза авҷ гирад, то сиҳат ёфтану бардам шудан инсон ҳақ дорад, ки рӯза надорад. Дар сурате ки беморӣ шифо наёбад, шариати Ислом фидияи савм муайян кардааст. Яъне ҳар касе ки дигар шайхи фонӣ аст, 80-у 90-сола бошад, бемораиш табобатнашаванда аст, фидияи савм равост. Ба наздикӣ дар Маркази исломшиносӣ, дар ҷаласаи Шӯрои уламо нархи фидияи савм барои як рӯз 10 сомонӣ муқаррар гардид. Фидияи савм аслан ба камбизоату нодорҳо дода мешавад.

-Агар худи бемор камбағал бошад — чӣ?

-Агар худи бемор камбизоат бошад, аз гарданаш соқит аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *