Кӣ чӣ қадар барқ мегирад?

Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон мегӯяд, ки шабонрӯзи гузашта, ки кишварро сардӣ фаро гирифтааст, мардуми навоҳӣ 6-8 соат барқ мегиранд. 

Тибқи мониторинги Иттифоқи истеъмолгарон, ки 24-уми ноябр гузаронда шудааст, сокинони ноҳияи Файзобод-8 соат, Ҳисор-8, Лахш-24, Рашт-8, Нуробод-6, Рашт-8, Рӯдакӣ-7, Шаҳринав-7,30, Сангвор-7, Тоҷикобод-7, Турсунзода-24, Ваҳдат-7 ва Варзоб 24 соат барқ гирифтаанд.

Ба иттилои манбаъ дар вилояти Суғд мардуми ноҳияи Айнӣ-7, Ашт-13 соату 10 дақиқа, Бобоҷон Ғаффуров-7 соату 30 дақиқа Ғончӣ-7 соату 25 дақиқа, Исфара-8, Истаравшан-13, Ҷаббор Расулов-8, Конибодом-8 соату 50 дақиқа, Мастчоҳи куҳӣ-8 соату 30 дақиқа, Панҷакет-7 соат, Шаҳристон 5 соату 30 дақиқа, Спитамен-6 соат, Зафаробод-6 соат ва шаҳри Бӯстон 18 соат бо барқ таъмин будаанд: “Дар Хатлон ноҳияи Балҷувон-8, Бохтар-9 соат, Фархор-10, Дӯстӣ-7, Ҷомӣ-7 , Ховалинг-7 соат, Хуросон-7, Муъминобод-8, Норак-24, Носири Хисрав-8, Панҷ-6, Қумсангир-7, Ҷалолиддини Румӣ-7, Сарбанд-24, Шаҳритус-6,30, Вахш-7,30, Восеъ-8 ва Ёвон 10 соат барқ гирифтааст”.

Дар ВМКб ба ғайр аз сокинони Мурғоб, ки 8-соат барқ мегиранд, боқимонда 24 соат бо барқ таъмин мебошанд.

Ширкати “Барқи тоҷик” 1-уми ноябр бо далели сардӣ ва коҳиши оби дарёи Вахш маҳдудияти интиқоли барқро ҷорӣ кард.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” гуфтааст, ки ҳар шабонарӯз дар кишвар 35-38 миллион киловатт-соат энергияи барқ истеҳсол мегардад, ки он ба тамоми шаҳр, вилоят ва ноҳияҳои тобеи марказ, вобаста ба шумораи аҳолӣ ва ҳаҷми истеҳсолот тақсим мешавад. Ӯ дақиқ нагуфт, ки мардуми навоҳӣ дар як шабонарӯз чанд соат барқ мегиранд ва афзуд, ки ин дар салоҳияти мақомоти маҳаллӣ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *