Кӯчаи Сӯҳроб Шарифов дар Душанбе
Имрӯз дар шаҳри Душанбе соати 15.00 маросими дигар кардани номи кӯчаи А. Шаумяни ноҳияи Шоҳмансур баргузор мешавад.
Тавре манбаъ аз шаҳрдории пойтахти кишвар ба ҳафтаномаи «Тоҷикистон» иттилоъ дод, бо қарори маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе кӯчаи мазкур аз ҳамин рӯз сар карда, номи маҳрум Сӯҳроб Шарифовро мегирад.
Номи Сӯҳроб Шарифов, вакили парлумони Тоҷикистон ва раҳбари пешини Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ошно мебошад. Мардум ҳамеша дар симои С. Шарифов рамзи инсони хақиқатҷӯй, донишманду бахирад ва роҳбари пухтакорро, ки аҳли ҷомеаро ба хештаншиносию худогоҳии миллӣ даъват мекард, мебинанд. Мавсуф ду сол пеш бар асари сактаи дил даргузашта буд.
Э. НАЗАРОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ