“- Чаро маро мебандӣ?

— Барои он ки ба Русия наравӣ!

— Ба Русия нарав гуфта мебандӣ акнун?

— Ҳова…”

Ин гуфтугӯи падару писарест, ки наворашро дар сомонае тамошо карда будам. Дар видео кӯдаке бо як банд пойи падари худро ба пояи печка мехоҳад бубандад, то монеи рафтани ӯ ба муҳоҷират шавад.  Билохира, кӯдак бо дастони кӯчакаш пойи падарро ба пояи мизи телевизор мебандад…

Навори мазкур чунон зарбае ба рӯҳиям зад, ки то кунун ҳар лаҳзааш пеши чашмонам намудор мешавад. Медонед, сабаби ин ҳама дилтангиву ғамгиниям чист? Барои он ки касе шояд беҳтар аз ман ин тифли хурдсолро дарк накунад. Чашмони пур аз ашки ин тифл хотираҳои айёми тифлиамро дубора чун оина пеши чашмонам оварда, ба дунёи андеша равонам кард. Шабҳои сарду торики деҳа ба ёдам расид, ки ману додару хоҳаронам, то дили шаб  интизори бозгашти падарамон аз муҳоҷират будем.

Ошёнае, ки дар он нури хонадон, қиблагоҳи фарзандон — падар солҳои дароз дар муҳоҷират аст, кулбаи ғам ва торике беш нест. Хуб медонам, ки имрӯзҳо иддае аз кӯдакони тоҷик ба чашмони пур аз ашки модарашон назар намуда, бо чӣ сахтиву умедвориҳо ба воя мерасанд. Аз муҳаббати падар дуранд ва муҳтоҷи силаву оғӯши гарми ӯ ҳастанд. Баъзеяшон падарашонро боре надидаанду дар аксҳои зардшуда нишони такягоҳашонро меҷӯянд…

Шоҳиди он будаму ҳастам, ки кӯдакони дур аз падар аз дурии чандсола ранҷ мекашанд, таънаи мардум мешунаванд ва боз дили хешро таскин дода мегӯянд, ки: “Ҳатман падарамон бармегардад. Он рӯз дур нест, ки бо омаданаш шодиву нишот ва баҳорро бо худ орад…” Афсӯс, ин кӯдакон намедонанд, ки бархе аз парандаҳои муҳоҷири мо ба лонаи дигар нишастаанду ошёнаи хешро фаромӯш кардаанд…

Эй падарони муҳоҷир, эй парандаҳои дур аз ёру диёр, ба ошёнаву Ватани хеш баргардед. Ба кӯдакони чашминтизоратон соате, рӯзе, моҳе падарӣ кунеду дарси мардонагиву шуҷоатро омӯзед. Ба қалби кӯчакашон тухми боварӣ ба сӯи фардои дурахшонро сабзонед. Дар вуҷудашон ҳисси меҳандӯстиву худшиносиро бедор кунед. Хулоса, падари воқеӣ ва идеал барои фарзандонатон шавед, ки фардо дер хоҳад шуд!

Доро СУҲРОБӢ,

рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *