Кӯдакфурӯш $200 гирифту ба зиндон рафт
Пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия як зани 28-сола аз Узбекистонро бо гумони ба як хонаводаи муҳоҷирони тоҷик бо нархи 11 500 рубл (муодили 200 доллар) фурӯхтани кӯдаки навзодаш дастгир кардааст.
Ба гуфтаи мақомоти пулис, ин зани ҳомила қабл аз таваллуд бо як оилаи шаҳрвандони Тоҷикистон маслиҳат карда, бо шиносномаи ин зани тоҷик ба таваллудхона рафтааст. Баъди таваллуди фарзанд ӯ кӯдакро бо ин шиноснома ба номи зану шавҳари тоҷики бефарзанд шаҳодатномаи таваллуд гирифта, ба онҳо месупорад.
Зану шавҳари тоҷикистон, ки 25 ва 20-сола будаанд, дар ин парванда феълан ҳамчун шоҳид мегузаранд. Вале бар зидди шаҳрванди 28-солаи Узбекистон бар асоси қисми дуюми моддаи 127-уми Кодекси ҷиноятии Русия (харидуфурӯши инсон) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ин зан барои фурӯхтани кӯдаки навзодаш аз 3 то 6 соли зиндон таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75
Шарҳ