Кӯдакфурӯшон ба даст афтоданд

Рӯзи 14-уми сентябри соли 2017, ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 35-сола ва марди 56-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар хариду фурӯши ноболиғ дастгир карда шуданд.

Тафтишот муайян намуд, ки номбурдагон, моҳи январи соли 2016 бо маслиҳати пешакӣ дар назди таваллудхонаи №1, воқеъ дар кӯчаи М.Турсунзодаи шаҳри Душанбе аз зани 31-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, тифли навзоди ҷинсаш мардро ба маблағи 100-доллари амрикоӣ ва 300-сомонӣ харидорӣ намудаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *