Кӯдаки 8-моҳаамро аз хонаам дуздиданд

Дарди дили модаре, ки 23 сол боз писарашро меҷӯяд

Моҳи апрел буд. Тақрибан соатҳои дуи шаб масти хоб будем, ки садои тақ-тақи дар баромад. Гумон кардам, ки зани ҳамсоя аст, чунки як овози занона номи духтарамро гирифта, “Матлуба, Матлуба” гуфта, садо мекард. Дарро кушоданамро медонаму халос, баробари боз гаштани дар марди тануманде зада ба хона даромад ва даҳонамро бо кафи дасташ маҳкам дошта, кашолакунон маро ба хонаи хоб даровард. Бо чашмони ҳаросон дидам, ки чӣ тавр аз паси он ғулбарзангӣ як зани миёнасоли сафедпӯст ба хона даромад ва писарчаи ҳаштмоҳаам Дилшодҷонро, ки дар рӯйи ҷогаҳ хоб буд, ба бағалаш гирифта, сӯи дар давид. Бо дидани ин манзара ман ба ҳолати шок афтидам…

(Идомааш дар шумораи №24- ҳафтаномаи “Оила”)

Нархи арӯс 20000 сомонӣ?!

ё моҷарои ҷиҳоз оилаҳои ҷавонро вайрон мекунад

-Дугона, келинат ҳеҷ чиз наовардаст-ку?

-Оҳ дугонаҷон, напурс. Писарам дӯсташ медорад, гуфта, бо сад умеду орзу ба хостгорӣ рафтам ва пулу моли бисёре сарф карда, ӯро келин кардам, аммо ин духтар ду даст дар бинӣ як тоқиро дар сар монда омадааст. Падару модараш чизе, ки гуфтанд, бурдем, вале имрӯз ба хонааш дароям, ба ғайр аз чор кӯрпаю болишт чизе нест! Ҳаёти писаракам бо ин арӯси пойлуч сӯхт, дугонаҷон…

(Идомааш дар шумораи №24- ҳафтаномаи “Оила”)

  Модарам маро ба мардҳои афғон фурӯхт

Холиса, агар хоҳӣ, як марди афғон туро бо кӯдакат ба занӣ мегирад.

Бо ғазаб ба рӯйи модарам нигоҳ карда гуфтам:

-Ҳаётам аз рӯйи афғонҳо сӯхт. Аз бешӯӣ мурам ҳам, зани ягон афғон намешавам!

-Пас, бо ин сағераи ҳаромӣ чӣ кор мекунем?-Пурсид модарам.

-Намедонам, ман роҳгумзадаам оча. Роҳгум задаам,-гуфтам бо алам ва сарамро дошта гиря кардам…

Модарам дигар чизе нагуфта кӯдакро ба парпечи куҳнае печонд ва “хаста шудаӣ, ту хоб кун, ман зуд бармегардам” гӯён, тифл дар бағал аз хона баромад…

(Идомааш дар шумораи №24- ҳафтаномаи “Оила”)

ДУХТАРДУЗДӢ ДАР МАСТЧОҲ

Аскарбачаҳо апаву хоҳарро рабуданд

4 рӯз пеш сокинони ҷамоати шаҳраки Обшорони ноҳияи Мастчоҳ–ду апаву хоҳар, ки яке 15 ва дигаре 17 сол доштанд, якбора бедарак шуданд. Дар натиҷаи кофтукови кормандони милитсия аз рӯи рақами таксӣ маълум гашт, ки ду сарбоз духтаронро ба боварии худ дароварда, роҳ сӯи Душанбе пеш гирифтаанд.

Дар ин бора рӯзи 12- июн як манбаи наздик ба хонаводаи ин духтарон хабар дод…

(Идомааш дар шумораи №24- ҳафтаномаи “Оила”)

Дигар ба хонаам набиё, оча!  

Модарҷон, тавалло мекунам, маро дуруст фаҳмед. Шавҳарам аз рӯзи аввали зиндагиамон маро таъна карда мегӯяд, ки очаи шаттоҳи ту дар як дам нисфи дунёро оташ мезанад, бигӯ, ки ба хонаи ман набиёяд. Қасам хӯрдааст, ки агар як бори дигар очаат пояшро ба погаҳи дари ман монад, талоқатро медиҳам…

(Идомааш дар шумораи №24- ҳафтаномаи “Оила”)

Се талоқ барои як шапалоқ?!

Як рӯз аз сабаби бепарвоии модараш писарчаи яксолаам аз зинапоя афтиду сари қаҳр занамро як шаппотӣ задам. Дарҳол қаҳр карду бачаашро гирифта баромада рафт. Модарам ҳарчанд кӯшиш карда бошад ҳам, келини эркаашро аз роҳ гардонда натавонист. Гумон доштам, ки баъди як-ду рӯз пушаймон шуда ба хона бармегардад, аммо аз байн як ҳафта гузашту аз занам дарак нашуд…..

(Идомааш дар шумораи №24- ҳафтаномаи “Оила”)

 

Актёр аз духтарбозӣ миллионер шуд

Ҳар сари чанд вақт дар матбуот хабарҳо паҳн мегаштанд, ки ин ҷуфти зебо аз ҳам ҷудо шудаанд, аммо дертар маълум гашт, ки бинои ишқи Ли ва Пе Су Ҷи устувор аст. Барои рад кардани овозаҳои бе асос ин ҷуфти ошиқ ба шарофати солгарди муносибатҳои ошиқонаашон базми пуршукуҳе ташкил карда, бо ҳамин роҳ даҳони ғайбатчиҳоро бастанд. Акнун дар матбуоти даврӣ ҳамарӯза хабарҳо дар бораи ба наздикӣ барпо гардидани тӯйи арӯсии ин кабутарони ошиқ паҳн мешаванд ва ҳатто дар байни мардум овозае ҳаст, ки Пен Су ҳомиладор аст…

(Идомааш дар шумораи №24- ҳафтаномаи “Оила”)

Обуна шудан мехоҳед? Аз дӯконҳои кишвар барои дастрасии «Оила» ранҷ мекашед, пас   ба рақамҳои 918-63-31-63 занг занед, дар ин самт  ба шумо кӯмак мерасонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *