Кӯдакони аз Ироқ бозгашта дар интернатҳо ба сар мебаранд

Аз 84 кӯдаке ки аз Ироқ ба Точикистон оварда шуд, ягон нафари онҳо ба оилаҳову наздикон дода нашуданд. Қаблан мақомот мегуфтанд, кӯдакони сини мактабиро ба муассисаҳои таълимӣ ва хурдсолонро ба хонаводаҳо медиҳанд.

Аз 84 кӯдаке ки аз Ироқ ба Точикистон оварда шуд, ягон нафари онҳо ба оилаҳову наздикон дода нашуданд. Қаблан мақомот мегуфтанд, кӯдакони сини мактабиро ба муассисаҳои таълимӣ ва хурдсолонро ба хонаводаҳо медиҳанд.

Баъди се моҳи моҳи нигаҳдорӣ дар осоишгоҳи «Харангон» воқеъ дар Варзоб, 84 кӯдак ин мавзеъро тарк карданд. Вазорати тандурустӣ гуфт, ягон нафари онҳо то ҳол ба бибиву бобо ё дигар пайвандонашон супурда нашудаанд. Наздикони ин атфол ҳам дар Тоҷикистон мунтазири қабули кӯдакон буданд ва бархе барои гирифтани онҳо омодагӣ медиданд.

Шодихони Ҷамшед, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 25-уми июл гуфт, «44 нафар кӯдакони аз 1 то 5-сола ба Хонаи кӯдакони рақами 2-и шаҳри Душанбе интиқол дода шудаанд. Сиву се кӯдаки синни мактабӣ дар муассисаҳои таълимии вазорати маориф фаро гирифта шудаанд».

Дар миёни 84 нафар ду нафар кӯдаки хурдсол доштаанд. Шодихон Ҷамшед, гуфт, ин афрод, ки синашон ба 18 расидааст ва кӯдак доранд, барои касбомӯзӣ мефиристанд. Муовини вазири тандурустӣ афзуд, кӯдаконро ба наздиконашон медиҳанд, аммо ҳоло бояд таҳқиқи амиқ сурат бигирад: «Онҳое, ки дар хонаи кӯдакон ҳастанд, бар асоси дуруст кардани ҳуҷҷат ва шахсият оҳиста-оҳиста дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ба хешутабор баргардонида мешаванд».

Ба гуфтаи ӯ, осоишгоҳи «Харангон» аз рӯзи душанбеи 22-юми июл ба ихтиёри собиқадорони ҷангу меҳнат супорида шуд ва ҳоло 80 нафар дар онҷо истироҳат доранд. Мақомоти тоҷик шаби 30-юми апрели соли ҷорӣ 84 фарзанди ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ»-ро, аз Бағдод ба Душанбе овард. Модарони бисёре аз онҳо барои ҳамзистӣ бо аъзои гурӯҳи «Давлати исломӣ» зиндонӣ шудаанд.

Интиқоли кӯдакон ба мактаб-интернат ва хонаи кӯдакон дар ҳолест, ки бархе аз наздикони ин атфол беш аз ду моҳ аст интизори қабули охирин нишон аз фарзандони худ ҳастанд. Ба иттилои мақомот, то ҳол 35 оила барои ба тарбия гирифтани онҳо дархост додаанд. Аммо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ бархе аз ин хонаводаҳо гуфтанд, ҳанӯз имкони дидани кӯдаконро пайдо накардаанд. Мақомот бибиву бобоҳои чашминтизорро бо шароити нигоҳубини кӯдакон дар «Харангон» ошно карда, аммо ба онҳо фаҳмонданд, ки барои дидори кӯдакон сабр кунанд. Ҳоло наздикони бархе аз кӯдакон мегӯянд, медонанд, ки онҳоро аз Харангон берун оварданд, аммо дақиқ нагуфтаанд, ки кӯдаконро ба куҷо интиқол додаанд ва кай ба оилаҳо баргаронида мешаванд.

Қаблан мақомот гуфтанд, ки атфоли хурдсол, ба эҳтимоли зиёд то 3-солаҳо бо санадҳои зарурӣ ба хешовандони наздик дода мешаванд ва қӯдакони синни мактабӣ барои як муддат дар муассисаҳои таълимӣ ва ятимхонаҳо ба тарбия фаро гирифта мешаванд. Ин гурӯҳи кӯдакон, ки зарбаи равонӣ дидаанд, ба гуфтаи мақомот, бояд барои барқарор шудан ба барномаҳои махсус фаро гирифта шаванд.

Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода, ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки тоҷик ахиран гуфт, раванди мутобиқ кардани кӯдакон осон нест. Ӯ гуфт барои дар муҳити хубу солим фаро гирифтани атфол, аввал бояд хонаводаҳое, ки мехоҳанд онҳоро ба тарбия бигиранд, хуб омӯхта шаванд.

Вазорати умури хориҷии Амрико дар гузорише дар рӯзи 20-уми июн, бозгардонии кӯдакони тоҷикро ситоиш кард ва гуфт, агар онҳо ба ватан баргардонида намешуданд, зери назари гурӯҳи «Давлати исломӣ» ба «сарбозони кӯдак » табдил меёфтанд.

Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ба Тоҷикистон тавсия дод, ки барои зудтар мутобиқ шудани кӯдакон ба муҳити осоишта, бояд онҳоро ба наздиконашон бидиҳанд.

Аз соли 2014 тақрибан 1900 шаҳрванди кишвар, аз ҷумла занону кӯдакон ба қаламравҳои Сурияву Ироқ рафтаанд. Додгоҳи Бағдод ҳамсарони ҷангҷӯёни ДИИШ-ро барои «убури ғайриқонунии марз» ва «ҳамзистиву кӯмак ба террорист» ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардааст. Аз ҷумла, 43 зани тоҷик, ки дар зиндонҳои Ироқ мебошанд, аз 15 соли зиндон то ҳабси абад маҳкум шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *