Кӯдакони маъюб бори аввал дар осоишгоҳ истироҳат карданд

70 нафар кӯдаки маъюб, волидайни онҳо ва кормандони тавонбахшӣ аз ноҳияи Айнӣ дар зарфи  як ҳафта дар осоишгоҳи “Шоҳин”-и шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) истироҳат карданд.

Ин иқдом дар чорчӯбаи Лоиҳаи “Дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони дорои маъюбият дар ноҳияи Айнӣ”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва созмони Каритас Олмон маблағгузорӣ шуда, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва дар ҳамкории зич бо ташкилотҳои ҷамъиятии шарик “АЗИТ” ва “ДАРО” амалӣ мегардад, Лагери тобистона амалӣ гардид.

Кӯдакони маъюб, ки боре ҳам аз ноҳия берун набаромадаанд, ба истиснои ба беморхона рафтан ва дар бисёр мавридҳо бинобар сабаби нуқсҳои биниш, шунавоӣ, нутқ, ҳаракат ва зеҳниашон дар хона боқӣ мемонанд, воқеан вақти худро дар лагери тобистона хеле хуш гузарониданд.

 Барномаи тафреҳӣ асосан аз машқҳои пагоҳирӯзӣ, расмкашӣ, ширешкорию гулдӯзӣ, мӯҳрабофӣ, кулолгарӣ, оббозӣ, шеъру сурудхонӣ, рақс, мусобиқаҳои варзишӣ ва бисёр чорабиниҳои дигари фарҳангию варзишӣ ва ҳунарӣ иборат буд. Илова бар ин, дар соатҳои оромӣ барои волидайн машваратҳои равонӣ оиди тарбияи дурусти кӯдакони дорои маъюбият гузаронида шуданд.

Аз соли 2010  бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва созмони Каритас Олмон, ду лоиҳа дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Деваштич бомуваффақият иҷро шуд. Айни замон дар ноҳияҳои Шаҳритуз ва Айнӣ ду лоиҳаи дигар амалӣ мешавад, ки ҳадафи онҳо беҳтар кардани сифати зиндагӣ ва ҳамгироии иҷтимоии шахсони маъюб тавассути татбиқи барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *