Кӯдаконро аз ғарқшавӣ нигоҳ доред!

Чун имрӯзҳо фасли гармову мавсими таътили мактаббачагон аст, онҳо бештари вақти худро дар оила, назди наздикону пайвандон мегузаронанд.

Аз ин лиҳоз, онҳо ба ҳама гуна нигоҳубин ниёз дошта, падару модар низ ҳаракатҳояшонро бояд назорат намоянд.

Тобистон чун мавсими оббозӣ аст, кӯдакон аз беназоратии волидон истифода бурда, ба ҷӯю заҳбурҳо барои оббозӣ мешитобанд. Аммо, таассуфангез он аст, ки барои баъзеи онҳо ин тобистон охирин фасли ҳаёташон мешавад. Яъне, онҳо дар об ғарқ шуда ва ё ба ягон фалокати дигар дучор омада, бо ҳамин аз ҳаёти зебои бачагӣ маҳрум мегарданд.
Тайи рӯзҳои 4-5-уми июли соли 2018, 4 ҳолати ғарқшавии ноболиғон ба қайд гирифта шудаааст, ки ҷой доштани чунин ҳодисаҳо боиси нигаронӣ мебошад. Аз он ҷумла, рӯзи 4-уми июли соли 2018, тахминан соати 21:00-дақиқа, хурдсол, Абдураҳмонов Юсуфҷон Бурҳонович, соли таваллудаш 2016, сокини деҳаи Зарафшони ноҳияи Кӯшониён, аз беназорат мондани волидонаш, ба ҷӯйбори обгузари назди хонаашон афтида, ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст.
Санаи 5-уми июли соли 2018, тахминан соати 11:35-дақиқа, хурдсол, Ҷилоева Суман Расуловна, соли таваллудаш 2015, сокини шаҳри Бохтар аз беназорат мондани волидонаш, ба ҷӯйбори обгузари назди хонаашон афтида, ғарқ шудааст.
Рӯзи 4-уми июли соли 2018, тахминан соати 15:30-дақиқа, хурдсол, Тангирова Арофат Шуҳратовна, соли таваллудаш 2015, сокини ноҳияи Қубодиён аз беназорат мондани волидонаш, ба ҷӯйбори обгузари назди хонаашон афтида, ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст.
Санаи 5-уми июли соли 2018, тахминан соати 16:45-дақиқа, ноболиғ, Воҳидов Сиёвуш Баҳриддинович, соли таваллудаш 2010, сокини ш.Душанбе, дар осоишгоҳи кӯдаконаи касалиҳои сили «Қаратоғ”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Шаҳринави ноҳияи Шаҳринав ҳангоми оббозӣ карданаш дар ҳавзи осоишгоҳи мазкур аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст.
Вазорати корҳои дохилӣ аз тамоми волидон хоҳиш менамояд, ки дар чунин фасли зебои сол, ки мавсими гаштугузор ва фароғату истироҳати кӯдакону ноболиғон аст, фарзандони худро беназорат нагузоранд ва ҳар як ҳаракати онҳоро зери назорати доимӣ қарор диҳанд.
Гул Маҳбуба,

 подполковники милитсия.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *