КҲФ: 64 нафар ғарқ шуд

То 9 июли соли 2019 ба асари риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ дар кишвар 64 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки 28 нафари онҳо то 16-сола, синни 36 тани онҳо болотар аз 17 сола мебошанд.

То 9 июли соли 2019 ба асари риоя накардани  қоидаҳои шиноварӣ дар кишвар 64 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки 28 нафари онҳо то 16-сола, синни 36 тани онҳо болотар аз 17 сола мебошанд

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар махзанҳои об кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар маконҳои истироҳати умумии одамон дар соҳили рӯдхонаҳо ва тафреҳгоҳҳо идома медиҳанд. 

Мутаассифона, шаҳрвандоне ҳастанд, ки ба тафреҳгоҳҳои ғайрирасмиву беиҷозат мераванд ва бо ин васила ҳаёти худ ва атрофиёни худро зери хатар мегузоранд. Имрӯзҳо, ки дар кишвар таътили тобистана ҳукмфармост, аксари бачаҳо ба ҳоли худ гузошта шудаанд. Калонсолон бояд дар ғами хурдон бошанд, масъулияти таъмини амнияти онҳо ба уҳдаи волидон ва пайвандони бузургсол аст.

КҲФ як бори дигар ба сокинони мамлакат ва меҳмонони кишвар ҳушдор медиҳад:

— танҳо дар ҷойҳое оббозӣ кунед, ки муҷаҳҳаз гардонида шудаанд;

— кӯдаконро беназорат нагузоред;

 — агар шумо шиноварӣ наметавонед, пас набояд ба обе, ки аз зонуи шумо болост, ворид шавед;

— дар об на бештар аз 15-20 дақиқа бимонед, зеро аз ин бештар метавонад боиси рагкашӣ шавад;

— аз соҳили ноошно ба об паридан қаъиян манъ аст;  

— шинокунон аз соҳил дур наравед, ки шояд барои бозгашт ба соҳил қувваатон нарасад;  

— дар об ҳамдигарро доштан, аз пойи ҳамдигар қапидан, якдигарро тарсонидан ва ё тела додани шарикон ба умқи обҳо манъ аст;

— агар дар мавҷ андармон шудед, талош накунед бо он мубориза баред, хуб аст, ки ба самти соҳил ҳаракат кунед.

Дар ҳоли сархӯшӣ аз машрубот оббозӣ накунед!

Дар хотир дошта бошед, ки амнияту бехатарии шумо ва наздиконатон дар дасти худи шумост!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони кишвар ҳушдор медиҳад: ҳангоми оббозӣ қоидаҳои шиновариро ҷиддан риоя кунед!

Телефонҳои хадамоти наҷот: «112» ва ё  93 880 28 19

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *