КҲФ аз хатари тарма ва сел ҳушдор медиҳад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба аҳолии кишвар ҳушдор додааст, ки дар рӯзҳои оянда дар манотиқи кӯҳистонӣ боришот зиёд шуда ва дар пайи он имкон дорад оби дарёю кӯлҳо соҳилҳояшонро рахна кунад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба аҳолии кишвар ҳушдор додааст, ки дар рӯзҳои оянда дар манотиқи кӯҳистонӣ боришот зиёд шуда ва дар пайи он имкон дорад оби дарёю кӯлҳо соҳилҳояшонро рахна кунад.
Умеда Юсуфова, сухангӯи ин кумита гуфт, ки дар манотиқи кӯҳистонӣ ва теппаҳои Тоҷикистон боришоти шадид ба мушоҳида мерасад. Аз ин лиҳоз, хатари ҷорӣ шудани сел, фаромадани тарма ва резиши санг вуҷуд дорад.
Вай афзуд, ки дар натиҷаи боло рафтани сатҳи оби дарёҳо дар минтақаҳои баландкӯҳ мумкин аст селоба роҳҳо ва киштзорҳо хароб кунад.
Зимнан, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар дарёи Элок анҷом ёфтааст.
КҲФ ронандагони васоили нақлияро аз хатари фаромадани тарма дар минтақаҳои кӯҳистон огоҳ кардааст.
Дар ҳамин ҳол, дар натиҷаи фаромадани тарма дар ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара), дар шарқи Тоҷикистон ҳудуди даҳ хона тахриб ва сад чорвои сокинон талаф ёфтааст.
Сокинони деҳаи Дараи Ҳайрони ноҳияи Сангвор рӯзи 28-уми март гуфтанд, ки шаби гузашта тарма аз болои деҳа ба поён ҳаракат карда, роҳу хати барқро тахриб кард ва ба боғҳову чорпои онҳо зарар расондааст.
Дар соли ҷорӣ, кормандони ин кумита беш аз 150 нафарро наҷот дода, ба 600 нафар дар рафъи оқибатҳои ҳодисаи табиӣ кумак кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ