КҲФ: Ду рӯзи оянда хатарноканд
Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар рӯзҳои 6 ва 7 июн дар манотиқи мухталифи кишвар борандаги шадид рух дода ва боло шудани сатрҳи оби дарёҳо боис мешавад.
Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар рӯзҳои 6 ва 7 июн дар манотиқи мухталифи кишвар борандаги шадид рух дода ва ба боло шудани сатҳи оби дарёҳо боис мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар ин замина ба сокинон аз хатари ҷорӣ шудани “селҳои даҳшатнок, ба ҳаракат даромадани хоки теппаҳо ва беруни об аз соҳили дарёҳо” ҳушдор додааст.
Бино ба маълумоти КҲФ, бар асари боронҳои пуршиддати ду рӯзи ахир ҳаракат дар роҳҳо мошингард гоҳе хатарнок шуда, дар даштҳо барои чаронидани чорво хатари зиёд омадааст, дар баъзе минтақаҳо сел омада, хонаҳоро, заминҳои киштро хароб кардааст. Ҳодисаҳои табиӣ талафоти ҷониро ба дунбол надоштааст.
Феълан дар маҳалҳои офатзада комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияҳо фаъолият карда, барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ чораҳо андешида мешаванд. Техникаи махсус барои тоза кардани маҳалҳои селзада ҷалб шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо аз сафарҳо ба минтақаҳои селхез, тармазо ва сангрез худдорӣ намоянд, муддате то беҳ шудани обу ҳаво ба ғунучини рустаниҳои дорувор, чидани занбурӯғ нараванд.
Дар ҳамин ҳол, Мутриба Ваҳҳобидиноваи 11-сола, хонандаи мактаб дар деҳаи Такоби ноҳияи Варзоб, 5 июн, рӯзи таҷлил аз Иди Фитр, ҳамроҳи хоҳари ҳафтсолааш ба кӯча баромада ва ба дарё афтодааст.
Дар натиҷа, ин духтарча ҳалок шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ