КҲФ: духтари 27 — соларо аз марг наҷот дод

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон як ҷавонзани 27-соларо, ки мехост худро аз болои пули кӯҳна ба дарёи Сир партофта, худкушӣ кунад, наҷот додаанд.

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар вилояти Суғд бонуи ҷавон сокини шаҳри Бӯстонро, ки қасди худкушӣ дошт, аз хатар наҷот доданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Кумита.

Бино бар иттилои манбаъ, ин бону ҷавон мехост худро ба дарёи Сир ҳаво дода ҷонашро қурбон кунад.

“Сокини 27-солаи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз пули куҳна худро ба дарёи Сир андохт. Ин хонум дар як мудати кутоҳ дар гирдоби мавҷи азиму хурӯшони дарё монд. Маъмулан дар ин қитъа дарё басо пурталотум ҷорӣ мешавад”, — таъкид намудааст манбаъ.

Манбаъ афзуд, наҷотдиҳандагон занро ба мушкилӣ аз марг наҷот доданд.  Наҷотдиҳандагон вақте, ки занро аз об берун оварданд, вай дар ҳоли изтиробу ҳарос будааст.

Дар ҳоли ҳозир ин бонуи ҷавони сокини шаҳри Бӯстон дар бемористон қарор дошта, мақомот сабаби қасди худкушии ӯро таҳқиқ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *