КҲФ: Эҳтимоли фаромадани тарма вуҷуд дорад
Тағйири ногаҳонии боду ҳаво вазъиятро дар роҳҳои кӯҳӣ хеле мушкил кард ва сабаби садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо шуд.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, баъди бориши зиёди барф дар роҳҳои кӯҳӣ яхбандӣ мушоҳида гардид. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз эҳтимолияти он пешакӣ хабар дода, шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакатро огоҳ карда буд.
«Мутаассифона, ҳарчанд борҳо ронандагонро ба эҳтиёкориву риояи қоидаҳои ҳаракат даъват карда будем, боз ҳам на ҳамаи онҳо ин огоҳиҳоро шунидаанд. Чунончӣ, сокини деҳаи Навдии ноҳияи Рашт ҳангоми ҳаракат низоми ҳаракатро тибқи қоида риоя накарда, аз уҳдаи идораи мошини тамғаи «Опел» набаромад, ки дар натиҷа мошин ба ҷарии 7-метра фурӯ рафт. Сабаби он риоя накардани қоидаи мошинронӣ дар роҳҳои яхбаста буд»,-хабар дод манбаъ.
Барои бартараф намудани оқибати ин садамаи нақлиётӣ ба ҷойи ҳодиса воҳиди махсуси вокуниши фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Рашт расид. Наҷотдиҳандагон бо истифода аз автокран мошинро аз чуқурӣ берун кашиданд. Хушбахтона, ронанда ва мусофиронаш зарари ҷиддӣ надида будаанд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, то 19 январи соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтимолияти фаромадани тарма ва яхбандӣ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ ронандагони воситаҳои нақлиётро мебояд эҳтёткор бошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ