КҲФ-и Тоҷикистон соҳиби чархболу ҳавопаймо шуд

Тайи як маросим, ки рӯзи 23-юми май дар бинои Раёсати ақибгоҳи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар Душанбе баргузор шуд, ба нерӯҳои наҷотбахши тоҷик 6 адад трактор ва булдозер, 18 адад қаиқи мотордор ва чанд адад ҳавопаймо ва чархболҳои бидуни сарнишин, супурда шуд.

Ин ҳавопаймоҳо ва чархболҳои хурди бидуни сарнишин барои муайян кардани ҷои ҳодиса дар минтақаҳои кӯҳистонӣ, истифода хоҳанд шуд. Полковник Фирдавс Ҳакимов, муовини раиси Ситоди ҳолатҳои бӯҳронии КҲФ гуфт, ки соли гузашта ҳини тармафароиҳо дар Тоҷикистон ин таҷҳизот вуҷуд надошт ва наҷотдиҳандагон бо хатар фаъолият мекарданд. Ба гуфтаи вай, ҳоло тавассути ин ҳавопаймо ва чархболҳои бидуни сарнишин, ки зарфияти парвоз то 7 километр дурӣ ва 6 километр баландиро доранд, муайян кардани маҳали ҳодиса, осон мешавад.Бар иловаи ин, миқдори зиёди лавозимоти имдодрасонӣ ба бахши наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дода шуд. Ба гуфтаи мақомоти Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, маблағи умумии ин кӯмакҳо 1 миллиону 650 ҳазор долларро ташкил медиҳад.Масъулони барномаи рушди СММ дар ин маросим гуфтанд, ки қарор аст моҳи оянда миқдори бештари чунин кӯмакҳо ба имдодрасонҳои тоҷик тӯҳфа шавад. Таҷҳизоти тақдимшуда ба наҷотбахшони тоҷик имкон медиҳад, ки макони ҳодиса ва ё низ шумораи дар зери тармаву селмондагонро мушаххас кунанд.Тақдими кӯмакҳои фаннӣ ба наҷотбахшони тоҷик дар ҳолест, ки дар як ҳафтаи ахир чанд ноҳия дар ҷануби Тоҷикистон, аз ҷумла Фархор ва Панҷ бо селобу обхезиҳои шадид даст ба гиребон ҳастанд. Даҳҳо манзил дар ин офатҳо осеб дида, се нафар ҷон додаанд. Дар ин манотиқ сокинон интизори кӯмакҳои башарӣ мебошанд. Вале Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, ҳанӯз ҳаҷми хисороти селҳои охир то охир ҳисоб нашудааст.Мақомоти тоҷик дар гузашта гуфтаанд, ки наваду панҷ дарсади рустоҳо дар Тоҷикистон дар минтақаҳои хатарзо воқеъ аст. Тоҷикистон як кишвари кӯҳистонист ва бештаре аз рустоҳо дар минтақаҳои осебпазир ҷой гирифтаанд. Соли 2015 президент Эмомалӣ Раҳмон хисороти молии офатҳои табиии ҳарсола дар Тоҷикистонро хеле сангин арзёбӣ карда гуфт, ки ин натиҷаи гармоиши иқлим аст ва танҳо он сол дар паи сар задани офатҳои табиӣ иқтисоди Тоҷикистон 600 миллион доллар зарар дидааст.Маркази равандҳои экзогенӣ-геологии назди Саридораи геологияи Тоҷикистон дар авохири соли ҷорӣ хабар дод, ки дар соли гузашта дар 287 рустои кишвар таҳқиқот анҷом дода, ба 826 хоҷагӣ машварат додаанд, ки маҳалли ҷойгиршавии худро иваз диҳанд.Азиз Гуламадшоев, раҳбари ин марказ гуфт, ки тибқи арзёбии коршиносон, ҳудуди 95 дарсади рустоҳои Тоҷикистон дар минтақаҳое ҷой гирифтаанд, ки бо хатари тармафароӣ ва фаромадани ярчу селобҳо рӯбарӯ ҳастанд.Соли 2017 дар пайи беш аз 90 ҳодисаҳои фақуллодаи табиӣ 32 сокини Тоҷикистон ҷони худро аз даст додаанд. Дар зимистони соли гузашта 720 ҳодисаи тармафароӣ рух додааст, ки бештаре аз фавтидагон аз ҳолатҳои изтирорӣ маҳз зери барф ҷон бохтаанд. Селобҳо, ярч, бодҳои тӯфонӣ, боришоти шадиди барфу борон, зилзила ва ғайра аз офтаҳои дигари табиӣ мебошанд, ки низ талафоти ҷонӣ дар пай доранд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *