КҲФ кӯҳнавардони русро наҷот дод
Гурӯҳи наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон (КҲФ) дар кӯҳистони Фони минтақаи Зарафшон ду кӯҳнаварди русро наҷот додааст.
Ба гуфтаи Умеда Юсуфова, сухангӯи КҲФ, кӯҳнавардон Кудрини 58-сола ва Писарчуковскаяи 39-сола ҳангоми фатҳи қуллаҳои кӯҳистони Фон ба урдугоҳ барнагаштаанд. Дар ин бора Константин Гарнага, раҳбари гурӯҳи кӯҳнавардони Русия ба КҲФ хабар додааст.
Вай гуфт, билофосила гурӯҳи ҷустуҷӯию наҷотдиҳӣ ба маҳали ҳодиса расида ва пас аз анҷоми корҳои ҷустуҷӯӣ ин ду нафарро ба урудгоҳи онҳо мавсум ба “Артуч”, дар баландии 2 ҳазор метр интиқол додаанд.
Пас аз муоинаи тиббӣ рӯшан шуд, ки кӯҳнавардон осебе надидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ