КҲФ ҳушдор медиҳад: дар ҳолати мастӣ оббозӣ накунед!

Бо гарм шудани ҳаво ва фаро расидани мавсими оббозӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, ҳангоми истироҳат дар назди махзанҳои об қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Аз ҷумла шахсоне, ки хуб шиноварӣ наметавонанд, шинокунон аз соҳил дур нараванд, дар ҳолати мастӣ вориди об нашаванд. Бахусус, кӯдаконро танҳо нагузоранд. Зеро риоя накардан ба қоидаҳои бехатарӣ оқибатҳои нохушро дар пай дорад.

Тибқи омори расмӣ, дар соли 2018 дар Тоҷикистон бинобар риоя накардани меъёрҳои бехтарӣ ҳангоми оббозӣ 140 нафар ғарқ шуданд. 27 нафари онҳо бачаҳои то даҳсола, 23 нафар то 17-сола. 48 нафар аз ҷумлаи ғарқи обшудагон касони то 35-сола буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75

Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *