Кӯлоб: Дастгиршавии комиссари ҳарбӣ бо 3000 сомонӣ пора

Кормандони Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Рустам Бурҳонов – комиссари ҳарбии комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлобро бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, ин мансабдори баландпоя дар ивази як билети ҳарбӣ аз як шаҳрванд 3000 сомонӣ пул гирифтааст. Ин маблағро ҳангоми боздошт аз Бурҳонов ҳамчун далели шайъӣ пайдо кардаанд.

Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 13 январ хабари боздошти комиссари ҳарбии Комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Бурҳонов Рустам Авазовичро нашр кард. Бино ба гузорише, ки бо номи «Дастгир гардидани комиссари ҳарбии Комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон” дар сомонаи расмии Агентии мубориза бо коррупсия нашр шуд, Бурҳонов, ки шахси мансабдор ба шумор меравад, «дар давраи фаъолияти кориаш аз шаҳрванд «А» барои тайёр карда додани шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбӣ маблағи 3000 сомонӣ талаб намудааст.

Рӯзи 6 январ, соати 10:23 Рустам Бурҳоновро дар утоқи кориаш бевосита баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 3000 сомонӣ дастгир кардаанд. Маркази матбуоти Агентии зидди коррупсия меафзояд: «Маблағи 3000 сомонӣ аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

Ба зидди Бурҳонов Рустам Авазович ҳоло бар асоси қисми якуми моддаи 319-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд ва тафтиши пешакии ин парванда идома дорад.

Ба Бурҳонов бар асоси ин банди қонун ҷарима ба маблағи аз 3650 то 9125 нишондиҳанда барои ҳисобҳо а маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳдати то 5 сол бо маҳрум кардан аз ҳаққи ишғоли мансабҳои муайян ба муддати боз 5 соли дигар таҳдид мекунад.

КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 319. Гирифтани пора

1) Аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул, коғазҳои қиматнок дигар, молу мулк ё фоидаи дорои характери молу мулкӣ дошта, барои иҷро кардан ё накардани амали муайян ба манфиати порадиҳанда ё намояндагони ў, агар чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) ба доираи ваколати хизматии шахси мансабдор,шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси ё шахси ташкилоти байналмилалӣ дохил бошанд ё онҳо вобаста ба қудрати мавқеи мансабиашонба чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) мусоидат карда метавонанд, ҳамчунин барои пуштибонии умумӣ ё саҳлангорӣ дар хизмат, (ҚҶТ аз 12.11.13с., №1028)

– бо ҷарима ба андозаи аз се ҳазору шашсаду панҷоҳ то нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274)

2) Аз ҷониби шахси мансабдор шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси ташкилоти байналмилалӣ гирифтани пора барои ҳаракати (беҳаракатии) ғайриқонунӣ, (ҚҶТ аз 12.11.13с., №1028)

– бо ҷарима ба андозаи аз панҷ ҳазору чорсаду ҳафтоду панҷ то дувоздаҳ ҳазору ҳафтсаду ҳафтоду панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад(ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274)

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар аз ҷониби шахсе содир шуда бошад, ки вазифаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё сардори мақоми худидораи маҳаллиро ишғол мекунад,-

– бо ҷарима ба андозаи аз нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ то ҳаждаҳ ҳазору дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274).

4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурўҳи муташаккил;

в) бо тамаъҷўии пора;

г) ба миқдори калон,

– бо ҷарима ба андозаи аз дувоздаҳ ҳазору ҳафтсаду ҳафтоду панҷ то бисту як ҳазору нуҳсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274).

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *