Кӯлоб: Сайфиддин Салимовро 13-сол зиндонӣ карданд

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб як сокини маҳаллиро барои амалҳои террористӣ ва экстремистӣ 13 сол аз озодӣ маҳрум кард. Сухан аз Сайфиддин Салимови 29-сола меравад, ки гӯиё қасди тарконидани бинои Шуъбаи корҳои дохилии Кӯлобро дошт.

Ба гуфтаи манбаъ, Сайфиддин Салимовро моҳи марти соли равон ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ боздошт ва бар пояи моддаҳои «зархаридӣ, ҷалбу омӯзиш ва маблағгузорӣ ба хотири ширкат дар амалиёти низомӣ”, ва “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ ва динӣ” айбдор кардаанд.

Тафтишот маълум кардааст, ки Салимов се моҳ дар лагери гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ”, воқеъ дар Туркия тамрин гирифта, қасд доштааст, пас аз бозгашт ба Тоҷикистон бинои шӯъбаи корҳои дохлии Кӯлобро тарконад.

Наздикони Сайфиддин Салимов мегӯянд, вай чанд соли ахир ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ ба Русия мерафт ва ризқи худу пайвандонашро аз ин роҳ таъмин мекард. Аммо баъди бозгашт ба ватан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро боздошт карданд.

Дар ҳамин ҳол вакили дифои Сайфиддин Салимов гуфтааст, ки аз болои ҳукми додгоҳ ба зинаҳои болоӣ шикоят нахоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *