Кӣ Маҷнуни Фарзонаи Хуршед гашт?

Дар Интернет таронаи нави овозхони шинохтаи тоҷик Фарзонаи Хуршед бо номи «Маҷнунам гаштӣ” нашр шуд. Ин аввалин клипи Фарзона баъди 4 моҳи даргузашти додари 16-солааш Эмомалиҷон буда, дар ду рӯзи аввал ин таронаро алакай 30 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Ширкати «Positive Production” рӯзи 25 август дар саҳифааш дар Ютуб таронаи нави Фарзонаи Хуршед бо номи Маҷнунам гаштӣ”-ро нашр кард. Матни ин таронаро Валибеки Ҷӯрабек ва оҳангашро Роберт Мирзоян навиштаанд.

Дар камтар аз ду рӯзе, ки аз нашри «Маҷнунам гаштӣ” мегузарад, таронаи нави Фарзонаи Хуршедро танҳо дар саҳифаи «Positive Production” алакай 30 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Фарзонаи Хуршед дар ин тарона аз ҷумла мехонад:

Маҷнунам гаштиву ба ишқам пайвастӣ,

Рафтиву қалбамро бо дардат бишкастӣ.

Мунтазират будам дар кӯи танҳоӣ,

Хаёл кардам, хаёлам, меоӣ.

Аммо бо дигаре ҳамнафасӣ,

Ниҳодам рӯ ба боди бекасӣ.

https://www.youtube.com/watch?v=4Ng4faUJB0o

«Маҷнунам гаштӣ” аввалин клипи Фарзонаи Хуршед баъди даргузашти додараш Эмомалиҷон мебошад. Эмомалиҷони Хуршед шаби 16 апрел дар синни ҳамагӣ 16-солагӣ аз саратони хун аз олам чашм пӯшид.

Фарзонаи Хуршед духтари хурдии овозхони шинохта Сурайёи Қосим ва хоҳари овозхони дигари машҳур Шабнами Сурайё мебошад.

Фарзонаи Хуршед 11 июли соли 1989 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Ӯ дар соли 2008 нахустин консерташро баргузор кард. Дар соли 2010 Фарзонаи Хуршед барои кумак ба фирори як гумон ба ду соли зиндон маҳкум шуда буд. Дар матбуот Фарзонаро он замон «маҳбуси ишқ” ном карданд.

Фарзонаи Хуршед дар соли 2014 ҳамроҳи Шабнами Сурайё сафари Ҳаҷ кард ва ҳамон сол бо овозхони дигари шинохтаи тоҷик Фаридуни Хуршед издивоҷ кард. Фарзонаву Фаридун ду фарзанд – як духтар бо номи Закия, ки соли 2015 ба дунё омад, ва як писар бо номи Муҳаммад доранд, ки моҳи августи соли 2016 таваллуд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *