“Кӯмак кунед то бо дӯстдоштаам якҷо бошам!”(Видео)

Замира маҷбур шуд, ки бо дӯстоштааш хомхоба шавад то ин ки волидонаш ба оиладоршавии онҳо розӣ шаванд. Падараш ӯро се моҳ дар хона махкам мекунад, тифли дар батнаш бударо исқоти ҳамл менамояд, таҳдид ба ҷони худи ӯву шавҳараш мекунад.

Ба студияи сомонаи Tajikistantimes.com Замира ном ҷавондухтаре ҳамроҳи хушдомани худ омад ва аз зиндагии талху ранҷу азобҳои кашидааш қисса кард. Замира ба ҷавоне, ки дар хизмати ҳарбӣ буд, бо як нигоҳ ошиқ мешавад. Вале падару модараш ба оиладоршавии ҷавонон розӣ намешаванд.

Замира маҷбур шуд, ки аз хонаашон фирор кунад ва бо дӯстдоштааш якҷо бошад. Мақсади асосии Замира ин бо дӯстписараш оиладор шудану зиндагии хушбахтона доштан буд. Аммо падараш ба Замира рӯзи равшанро нишон намедод ва намехост бо он ҷавон якҷо шавад. Ҷавони дӯстдоштаи ӯ ҳамроҳи оилааш дар хобгоҳ зиндагӣ мекард ва ягона монеа ҳамин буд.

Замира маҷбур шуд, ки бо дӯстоштааш хомхоба шавад то ин ки волидонаш ба оиладоршавии онҳо розӣ шаванд. Падараш ӯро се моҳ дар хона махкам мекунад, тифли дар батнаш бударо исқоти ҳамл менамояд, таҳдид ба ҷони худи ӯву шавҳараш мекунад. Боз Замира роҳи наҷотро ёфта ба хонаи шавҳараш меояд.

Оилаи дӯстдоштааш бо вуҷуди ҳамаи ин чор маротиба хостгорӣ мераванд, аммо бо таҳқиру таъна аз дар меронандашон. Айни ҳол Замира дар хонаи дӯстписараш аст ва мехоҳад мақомоти дахлдор барои якҷо шудани ин ду ҷуфти ҷавон кумак кунанд…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

6 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *