Кӯҳнаварди рус дар кӯҳистони Тоҷикистон ҳалок шуд

Василий Дроздов, кӯҳнавард аз вилояти Архангелски Русия рӯзи 29 июл ҳангоми фатҳи қуллаи Бодхона дар кӯҳистони Ҳисору Олой зери санг монда ҷон бохтааст.

Сафорати Русия дар Душанбе зимни таъйиди ин хабар гуфтааст, ки сафорат дар интиқоли ҷасади кӯҳнавард ба зодгоҳаш- шаҳри Северодвински вилояти Архангелск мусоидат хоҳад кард.

Игор Лякин-Фролов,  сафири Русия ба хонаводаи Василий Дроздов нисбати ҳалокати ӯ ибрози тасаллият кардааст.

Дар фатҳи қуллаи Бодхона кӯҳнавардони дигари Русия Дмитрий Чернишев, Дмитрий Шпилев ва Михаил Носенко низ ширкат карда ва ба онҳо осебе нарасидааст.

Василий Дроздови 39-сола аз кӯҳнаврдони собиқадори Русия маҳсуб шуда, дар соли 2014 дар мусобиқаи қаҳрамонии Русия оид ба кӯҳнаврди мақоми дуюмро касб карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *