Кӯшиши дуздии духтари 10-сола аз ҷониби шаҳрванди Испания
Рӯзи 1 май марзбонон дар гузаргоҳи марзии «Оқжол-мошингард»-и Қирғизистон шаҳрванди Испанияро боздошт карданд, ки мехост, як духтари 10-соларо ба хориҷ барад. Дар ин бора Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад.
Ба иттилои мақомот, ҳангоми убур аз назорати гумрукӣ шаҳрванди Испания рафтори шубҳанок доштааст. Вақти бозпурсӣ хашмгин шуда, гуфтааст, на вай ва на духтари 10-сола забони русиро намедонанд.
«Аммо вақте нозир аз духтар савол кард, ки оё забони русиро медонад, вай посухи мусбат дод. Мақомот мушаххас карданд, ки модари кӯдак пештар аз ин дар бораи гум шудани духтараш ба мақомот хабар додааст», — омадааст дар хабари мақомот.
Шаҳрванди Испанияро аз ҳаққи хориҷ шудан аз Қирғизистон маҳрум ва ба ихтиёри пулис супориданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ