Кӯтоҳтарин нишасти матбуотӣ дар Прокуратураи генералӣ

 

Прокурори  генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод  3 августи соли равон дар таърихи нишастҳои матбуотии тоҷик кӯтоҳтарин нишасти матбуотиро доир кард. Шояд пурсед, ки ин ҷо чӣ ҷои тааҷҷуб аст?

Тааҷҷубовар он аст, ки нишасти  матбуотии мазкур бо вақти гирифтаи гузориши Прокурори генералӣ ва саволу ҷавобҳо ба ҷойи як соати дар  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 муқарраршуда аз соати 9.00 то соати 9.40 дақиқа давом карду халос. Ҳол он ки баъзе рӯзноманигорон мехостанд доир ба фаъолияти Прокуратураи генералӣ саволҳои иловагӣ диҳанд. Аммо   Раҳмон Юсуф Аҳмадзод  ба ин хоҳиши онҳо монеа шуда гуфт: «Ҳар як журналист як савол диҳад!».

Саволҳое надода монданду баъзе паҳлуҳои фаъолияти Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2017 нокушода.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *