Каҷравии девор аз кӣ вобаста аст?
Ба таваҷҷуҳи раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода
Солҳост, ки масъалаи забони тоҷикӣ яке аз масъалаҳои баҳсталаби аҳли илму адаби кишвар қарор гирифта, камбудиҳои ҷойдошта дар ин соҳа боиси нигаронии ҷомеа гардиданд. Ва ин аст, ки масъулини соҳа мехоҳанд барои беҳдошту поксозии забони тоҷикӣ аз ҳама олоишҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд ва мушкилоти ҷойдоштаро бартараф намоянд. Аммо гоҳо иқдомҳои пешгирифтаи Кумитаи забон ва истилоҳот сатҳӣ ба назар расида, боиси нигарониҳо гаштаанд…
“Қанди порсӣ”-ро намакаш бисёр шуд
Ҳукумати Тоҷикистон Қоидаҳои нави имло ва аломатҳои китобати забони тоҷикиро тасдиқ кардааст, ки дар он, аз ҷумла номи қисме аз ҳарфҳо иваз шуд.
Қоидаҳои нави имло ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, ахиран аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шуданд, ки баробари тағйироти дигар, номҳои нави ҳарфҳоро фаро мегиранд. Масъулини Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳарфҳо ба шеваи тоҷикӣ номгузорӣ шудаанд.
Масъулини кумита чӣ мекунанд?
Дар асоси қоидаҳои нави тасдиқкардаи Ҳукумат, ҳарфи Л минбаъд на эл балки ле ном дорад.
Номи ҳарфҳои М аз эм ба ме, Н аз эн ба не, Р аз эр ба ре, С аз эс ба се ва Ф аз эф ба фе иваз гардидаст.
Дар қоидаҳои нав ба ҷои номи у – и дароз танҳо ӯ ва и – и дароз танҳо ӣ омадааст. Ҳарфи Х низ аз ха ба хе ва Ш аз ша ба ше тағйири ном кардааст.Ҳамин тариқ, алифбои забони тоҷикӣ, ки 35 ҳарф дорад, ба тартиби зер мебошад:
Аа – а, Бб – бе, Вв – ве, Гг – ге, Ғғ –ғе, Дд – де, Ее – йе, Ёё – йо, Жж – жэ, Зз – зе, Ии – и, Ӣӣ – ӣ, Йй – йот, Кк – ка, Ққ – қе, Лл – ле, Мм – ме, Нн – не, Оо – о, Пп – пе, Рр – ре, Сс – се, Тт – те, Уу – у, Ӯӯ – ӯ, Фф – фе, Хх – хе, Ҳҳ – ҳе, Чч – че, Ҷҷ – ҷе, Шш – ше, Ъъ – сакта, Ээ – э, Юю – йу, Яя – йа.
Қаблан раёсати Кумитаи забон ва истилоҳот тағйири номи ҳарфҳоро бозгашт ба асолати тоҷикӣ хонда, тавзеҳ дод, ки хусусиятҳои фонетикӣ, садонокҳо, ҳамсадаҳо ба асолати худ баргаштанд. Дар маҷмӯъ ба Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ беш аз 100 тағйирот иваз гардидаанд, ки тафсилоти он ироаи омма хоҳад шуд.
Ростӣ, ин кори Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ягон арзише надорад. Аз иваз кардани ин тарзи шеваи баён дар маънӣ ва баён чӣ тағир меёбад? Ва ин шеваи тоҷикӣ чӣ дигаргуние дар завбон ба миён меоварад? Тағири номи “хе” ба “ха” чӣ маънӣ дорад? Агар масъулини Кумитаи забон дар ҳақиқат метавонистанд, ки барои забони тоҷикӣ ҷойи 36 ҳарфи қаблӣ 12 ё 14 ҳарф месохтанд, мегуфтем, ки ҳалолашон бод, заҳмат кашидаанд. Аммо дар ин шакл забон чӣ бурд мекунад? Ё Кумитаи забон ба ин васила нишон доданӣ мешавад, ки кор карда истодааст?
Замоне бо исми Салоҳиддин Давлатов, як омӯзгори мактаби миёна 30 сол қабл алифбое пешниҳод карда буд, ки дорои 18 ҳарф буд. Аммо ӯ ҳамон кори анҷомдодаи худро натавонист дуруст ташвиқ кунад. Он замон ба ӯ бо чашми каҷ нигаристанд, ки худаш кист, боз алифбо пешниҳод мекунад?! Аммо бо гузашти замон ин мушкилот пешорӯ омад…Ва дигар на он омӯзгор мондаву на алифбояш!
Аммо як савол: ҳангоми хонанда пурсидан, ки кадом и-ро ё у-ро нависам, омӯзгор ба вай чӣ гуна посух бидиҳад? и- дароз, хатчадор, болояш ишорадор ва хаткашида шуда? Кадомеро?!
Тавре ки забоншиносон ишора мекунанд, яке аз хатогиҳое, ки чанд даҳсола дар қоидаи имлои забони тоҷикӣ бетағйир мондааст, мувофиқат накардани мубтадо бо хабар мебошад, ки дар ин қоидаи нави имло ҳам роҳи ҳалли худро наёфтааст.
Тассуфи Президент
Аммо дар ин раванд Абдураҳим Зулфониён,(бино ба иттилои радиои «Озодӣ») масъули Кумитаи забон ва истилоҳот мегӯяд, истисно кардани қоидаҳои забон ба хотири поси шахсони ҷудогона раво мебошад…
Магар ин гуфтаи шумо дӯсти азиз Зулфониён, истисно кардани қоидаҳои забон ба хотири шахсони ҷудогона боис ба он намегардад, ки мо забони ноби форсии тоҷикиро коҳиш медиҳем? Қоидаву қавонуни онро риоя намекунем. Ин мисли ҳамон нест, ки пири куҳансоле хатое содир менамояду пасояндагонаш хатои ночизи содир кардаи ӯро даҳчанд афзоиш медиҳанд? Ва ё бо чунин шакли баёне, ки шумо мегӯед, мо барои дигарон аз лиҳози мантиқ беэҳтиромиву носипосӣ намекунем? Агар мо дар ҷумлабандӣ қонунҳои ҷории забонро риоя намоем, пас бояд аз рӯи он қоидаву қонунҳо амал кард. Чун он меъёрҳо барои ҳамагон яксонанд. Агар Кумитаи забон дар воқеъ мехоҳад барои забону фарҳанги миллии худ хизмат бикунад, пас бояд, пеш аз ҳама, ба чунин иштибоҳот роҳ надиҳад. Ва ҳамеша барои покиву беолоишиву сарагиву хушбаёнии забони ноби тоҷикӣ пофишорӣ намояду онро мусаффову беолоиш ниигоҳ дорад.
Кори арзишманде, ки бояд имрӯз Кумитаи забон анҷом биҳад, ин назорат намудан аз болои овезаву шиору эълонҳои хусусияти рекломавӣ дошта мебошад, ки дар саросари Тоҷикистон навишта шудаанду назди дару девору кӯчаву гулгаштҳои корхонаҷотро овехта шудаанду онҳо пур аз хатоянду бесаводона, назорат бурдану талаби ислоҳи онҳо мебошад. Ин дар назар басо оддӣ менамояд. Вале, равоншиносону табибону олимони соҳа исбот карданд, ки 85 дар сади дарку эҳсоси инсонҳо марбут ба биниши ӯст. Чун он ҳама хатоҳоро мардум мебинанду мехонанд, онро дар ҳамон шакли пур аз хато дар худ ҷо медиҳанд. Ва ҳамон хишти каҷгузоштаи меъмор мебарад деворро то ба охир каҷ!
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳи камбудиҳо дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар як суханрониаш ба муносибати “Рӯзи забони тоҷикӣ” дар соли 2019 бо тассуф гуфта буд, ки ғалатнависию ғалатгӯӣ аз байн нарафтааст ва ин боиси ташвиш аст. Вай зикр кард, ки дар навиштаҳои баъзе рӯзномаю маҷаллаҳо қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ риоя намешаванд. Сарвари кишвар таъкид намуд, ки имло танҳо барои олимон нест, балки дастури амалиест, ки ҳадафи он саводнок кардани тамоми мардум буда, бояд ба ҳамаи табақаҳои ҷомеа дастрасу фаҳмо бошад.
“ а” –и «Шоира»- ву «муаллима»-ро » қайчӣ карданд…
Дар Қоидаи нави имло, ҳамчунин, калимаҳои “муаллима”, “раиса”, “котиба”, “шоира”, “адиба”, ки то кунун истифода мешуданд, акнун хато дониста шуданд. Дар шарҳи қоидаи нав Зулфониён гуфт, масалан, Гулрухсор Сафиева на шоираи тоҷик, минбаъд “шоири тоҷик” бояд навишта шавад. «Ё Шаҳрия Аҳтамзод, адибаи тоҷик неву адиби тоҷик ном бурда мешавад. Яъне ҷинсият ба кор бурда намешавад»,- гуфт ӯ.
Вале, дар хусуси номҳои занонона чӣ бояд кард, ки он ҳам ба ҳамин шеваи дар боло зикр кардаи Кумитаи забон марбутанд. Масалан, номҳои Раҳима, Шоира, Адиба, Шарифа, Мунира, Карима, Фирӯза, Насима, Латифа, Ҳабиба, Салима, Дилшода, Ҷамила, Фарзона, Наима ва даҳҳои дигар, ки бо чунин шакл номгузорӣ шудаанд, корро аз куҷо бояд оғозид? Аз ин лиҳоз, бояд Кумитаи забон хуб дарк намояд, ки ин ҳамаро забон худаш суфта кардаву дар муомилот ҳазм намудааст. Пас, чаро мо дидаву дониста, ба он раванди хубе, ки то ба имрӯз маъмул буд, бо чунин тағироти ноҷоямон костагӣ ворид намоем. Шояд эрод гиранд, ки ҳанӯз ҳам ин ҷониб бо ҳамон усули Шӯравӣ раҳ мепаймояд. Вале, банда дар ин равия нестам. Ва хуб огаҳӣ аз илму фарҳанги хеш дорам. Аммо, агар ҷониби дигар танҳо ба хотири он ки алифбои тоҷикӣ дар асоси алифбои кириликӣ ба миён омадаасту ин ҳама тағироту иловаҳоро ҷоиз дониста бошад, пас он на онқадар солим аст. Шабоҳат доштани алифбои тоҷикии кириликӣ ягон мушкилиеро ба бор намеоварад. Агар мо торихро пос дорему ба он арҷгузорӣ намоем, пас бояд хуб бидонем, ки гоҳҳо умумиятҳои забонӣ аз решаҳои аслии худ ғизову сарчашма мегиранд. Агар мо дар эътироф ба онем, ки забони тоҷикӣ ба оилаи забонҳои ҳинду аврупоӣ шомил аст, пас ягонагиҳои ҳарфӣ, овозӣ ва забонӣ ногузиранд.
Мухтори Сайидбурҳон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ