Кабир аз зиндон озод шуд
Кабир Кабиров, писари Аваз Кабиров-соҳиби бозори “Султони Кабир” аз зиндон озод шудааст. Ӯро соли 2019 баъди як садамаи нақлиётӣ ба 10 соли зиндон маҳкум карда буданд. Дар он садама ду нафар ба ҳалокат расида буданд.
Ӯро миёнаҳои моҳи сентябр бар асоси қонуни афв озод кардаанд. Кабир Кабиров дар маҳбаси ноҳияи Ёвон давраи ҷазоро паси сар мекард.
Садама бо ширкати Кабир моҳи марти соли 2019 дар хиёбони марказии Душанбе рух дод. Дар он ҳодиса ду нафар аз ҳамроҳонаш – Саидҷаъфар Саидов ва Некзод Саҳобиддинзода (ҳарду 19-сола) ҷон бохтанд.
Мақомоти Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар лаҳзаҳои аввали баъди садама гуфтанд, Кабир Кабиров “бо сабаби баланд намудани суръати ҳаракат аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, аввал ба девори бетонии канори роҳ ва баъдан ба симчӯби оҳанӣ бархӯрдааст”. Миҷгона Маҳсиддинова, модари Некзод Саҳобиддинзода, яке аз қурбониёни садама, рӯзи 1-уми октябр гуфтааст, ки «фикр намекунам, ӯ пас аз раҳои аз зиндон ислоҳ мешавад. Ӯро ба Худо ва виҷдонашон месупорам.»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ