Кабкҳои тоҷикро аз Руссия «депортатсия» карданд

Идораи Росселхознадзори Русия хабар дод, ки ду кабкро дар фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав ба қаламрави Русия роҳ надода, боз ба Тоҷикистон баргардондаанд Дар ду моҳи охир ин алакай бори сеюм аст, ки кабкони мусофирони тоҷикро аз Русия «депортатсия” мекунанд.

Идораи Росселхознадзор хабар дод, ки рӯзи 13 апрел дар фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав аз талоши ба қаламрави Русия ворид кардани ду кабк аз Тоҷикистон пешгирӣ кардааст. Ин идора мегӯяд, ҳангоми тафтиш маълум шуд, ки соҳибонашон барои ин ду кабк асноди лозими байторӣ ва иҷозатномаи Росселхознадзорро надоштаанд.

Дафтари матбуоти Росселхознадзор гуфт, ҳарду кабкро алакай ба Тоҷикистон баргардондаанд.

Идораи Росселхознадзор мегӯяд, дар кишварҳои Шарқ, аз ҷумла дар Тоҷикистон тӯҳфа кардани кабк бо орзуи давлату боигарӣ ба ҳукми анъана даромадааст, вале ҳангоми ба як кишвари дигар бурдани чунин паррандаҳо соҳибаш бояд аз пеш сертификати байторӣ ва иҷозатнома бигирад. Барои ворид кардани паррандаҳои нодир ба қаламрави Русия гирифтани иҷозатномаи махсуси Росселхознадзор ҳатмӣ будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *