Кабзонро фиреб карданд

Рӯзи 28- уми июли соли равон суди шаҳраки Одинсова кори судии дуздида шудани 25 млн долари намояндаи Думаи Русия ва Артисти халқии СССР- Иосиф Кабзонро гузаронид.

Кобзон чанде пеш ба суд барои сари вақт бозпас нагирифтани қарзи додааш ба тоҷири маъруф Вагив Пайсахов дар ҳаҷми 25 млн доллари ИМА муроҷиат намудааст. Дар аризаи хеш мавсуф қайд кардааст, ки « Пайсахов бояд  миёнаҳои июл қарзро бармегардонд, аммо 25 млн доллар то ҳанӯз ба дасти ман нарасидааст».

Дар идомаи арзизааш Иосиф Кабзон гуфтааст, ки сабаби бознагардонидани қарзаш дар он аст, ки Пейсахов ҳамаи маблағро дар қиморбозӣ бой додаст.  Айни замон нисбати тоҷир- Вагиф Пейсахов бо ҷурми  « Қаллоби ба маблағи ниҳоят калон» парванда боз шуда, тафтишот дар ин сабт идома дорад. Худи тоҷир бошад, то анҷоми тафтишот дар боздоштгоҳ  адои ҷазо хоҳад намуд.

Ин дар ҳолест ки новобаста аз иқрори гирифтани қарз Пейсахов худро гунаҳгор намеҳисобад. Зеро ба ақидаи ӯ ин пул қарз набуда, барои ҳамкории ӯ бо Кабзон аст. Ёдовар мешавем, ки Пейсахов бо Кабзон тӯли зиёда аз 20 сол  инҷониб шинос мебошанд. Пейсахов яке аз корхонаҳои калони либосҳои пашми табии ҳайвонот доштаро соҳиб буда, яке аз харидорони доимии либосҳои пашмдори ӯ Иосиф Кабзон мебошад, ки чандин маротиба барои беҳтар шудани тиҷорати «дӯст»- аш дасти кӯмак дароз намуда буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *