Кадом беҳтар: Лигаи футболи тоҷик ё “Тоҷ-лига”?

Рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Нури Наср, ки айни замон дар ИМА ба сар мебарад, аз номи Лигаи футболи тоҷик сахт интиқод намуда, онро моли русҳо медонад ва хостори табдили номи он ба “Тоҷ-лига” шудааст.

 Пешниҳоди рӯзноманигор чанд рӯз пеш дар саҳифаи фейсбукиаш интишор гардида  ва боиси вокуниши зиёди корбарони шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” шуд.

 Пешниҳоди мазкури рӯзноманигор рӯзи 24-уми декабр бо шарҳу тавзеҳи мукаммалтар дубора дар саҳифааш пайдо гардид, ки чунин мазмунро дорад:

“Маҷбурам, ки дубора ин пешниҳодро пеш биёрам, то доираи огаҳон биафзояд. Номи лигаи футболи тоҷик мувофиқ нест. Ин эҷоди русҳост ( высшая лига, первая лига, вторая лига — ба сони навъи орд), ки худ барвақт аз он даст кашидаанд ва алъон чемпионати Русия Премер -лига ном дорад.

Дар Олмон Бундеслига, дар Испания Ла — лига, дар Инглистон Премер — лига, дар Аргентина Суперлига ва ғайра амал мекунанд.

Пас чаро мо чемпионати худро “Тоҷ-лига” унвон накунем? Далели зиёд дорад. Аввалан он ки “Тоҷ“ шакли кӯтоҳшудаи вожаҳои Точикистон ва тоҷикро метавонад ифода кунад.

 Баъдан “Тоҷ” вожаи алоҳидаест, ки чемпиони ин лига соҳиби тоҷи пирӯзӣ мегардад. Шарт нест, ки барои чемпион тоҷе инъом бишавад, аммо ба таври рамзӣ метавон гуфт, ки соҳиби тоҷи чемпионӣ шуд фалон даста.

Хуллас, “Тоҷ-лига” хам шеваи равонасту зебо ва ҳам тоҷикист. Инчунин, шаҳомату шукӯҳи чемпионатро «воҳиматар» мекунад. Ин ҳамагӣ як пешниҳод аст….”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *