Кадом кӯча чӣ ном гирифт?

Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифт, ки номи  18 кӯчаи пойтахтро иваз кунад.

Тибқи иттилои сомонаи расмии шаҳрдории Душанбе, ки 29 ноябр нашр шудааст, табдили номи кӯчаҳо ба манзури таблиғ ва гиромидошти забони тоҷикӣ ва чеҳраҳои саршиноси кишвар анҷом дода шудааст.Тибқи тасмими шаҳрдорӣ, аз ҷумла собиқ кӯчаи ба номи “Комсомол” ба “Арғувон” табдил шуда, собиқ кӯчаи “Советская” ба исми адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ Аълохон Афсаҳзод номгузорӣ шудааст. Ҳамчунин, собиқ кӯчаи “Бабушкин” исми Бахтобод, кӯчаи Сергей Лазо ба Бодомзор, кӯчаи Гастелло ба Гузарбоғ, кӯчаи ба номи Петровский ба Гулафшон, кӯчаи ба номи Павлов ба Гулдаст, кӯчаи ба номи Гончаров ба Гулрез иваз карда шудаанд.Ҳамзамон шаҳрдорӣ тасмим гирифтааст номи кӯчаи Алексей Толстойро ба Яккабоғ, Юлиус Фучикро ба номи Миралӣ Маҳмадалӣ, исми кӯчаи “Студентческая”-ро ба Шукуфон, кӯчаи ба номи Воровскийро ба Шифо, кӯчаи “40 солагии октябр”-ро ба Фурӯзон, кӯчаи Шаумян ба исми Сӯҳроб Шарипов, Добролюбова ба Садоқат, кӯчаи ба номи Александр Матросов ба Рустам Амакӣ, Зоя Космедимянская ба Иномов Ваҳобҷон ва исми кӯчаи ба номи Шестопалов ба Дилкушо иваз карда шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *