Кадом шаҳру ноҳия нақшаи даъватро дар як рӯз иҷро кард?

Чанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба қисмҳои низомиро дар як рӯз иҷро карданд. Дар ин маърака ВМКБ мисли солҳои қаблӣ пешсафӣ нишон дод. Ҳамагӣ дар як рӯз ва дар рӯзи аввали даъвати наваскарон нақшаро 100 фоиз иҷро намуд. Дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ пешқадам буданд.

Исфара дар ҷойи 1

Ҷамоатҳои Воруху Чоркӯҳ ва Чилгазиву Лаккони шаҳри Исфара дар нахустин рӯзи маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ нақшаи пешбинишударо иҷро намудаанд. Дар ҳамаи ҷамоатҳои номбурда бо ширкати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, комиссариати ҳарбӣ, собиқадорон, наврасону ҷавонон ва волидони даъватшавандагон маросими гусели наваскарон ба хизмати Ватан баргузор гардид.

Дар маркази шаҳр низ ба муносибати гусели даъватшавандагон чорабинӣ доир шуда, волидони даъватшавандагон, роҳбарияти шаҳр ва собиқадорони меҳнат ҷавононро ба хизмати Модар-Ватан гусел намуданд. Ба ҷавонон гуфта шуд, ки хизмат ба Ватан-Модар рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ аст. Роҳбарияти мамлакат барои адои хизмати ҳарбӣ шароити зарурӣ фароҳам овардааст.

Ноҳияҳои пешсаф дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон 4 ноҳия пешсафӣ нишон доданд. Дар рӯзи аввали даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ноҳияҳои  Вахшу Хуросон, Фархору Муъминобод нақшаро пурра иҷро кардаанд. Ин вилоят 25 шаҳру ноҳия дорад.

Тоҷикобод дар ҷойи аввал

Аз ноҳияҳои тобеи марказ Тоҷикобод пешқадам аст. Аз рӯйи маълумоти расида, дар ноҳияи Тоҷикобод низ нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар рӯзи аввал иҷро шуд. Тавре аз мақомоти ноҳияи Тоҷикобод ба Pressa.tj хабар доданд, ҷавонон бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шудаанд.

“Ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтани ҷавонон як олам маънӣ дорад. Ин аз ҳисси баланди нангу номуси миллии онҳо дарак медиҳад”,- гуфт манбаъ.

Ҳамин тариқ, 1-уми апрел қариб дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар новобаста аз он ки нақша садфоиза иҷро нашуда бошад ҳам, чорабинии гусели наваскарон доир карда шуд.

Кӣ ба хизмат меравад?

5-уми марти соли равон фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбии муҳлати хизматро адокарда ва даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ имзо шуд.

Тибқи фармон хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2024 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои дохилии ВКД, Қӯшунҳои мудофиаи граждании КҲФ, бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, баталйони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсус ба эҳтиёт рухсат карда мешаванд.

Моҳҳои апрел-майи соли 2024 шаҳрвандони ҷинси марди соли таваллудашон 1997-2007-и то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сохтору воҳидҳои зикршуда даъват карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *