Кадомин варзишгарон мукофотпулии Президентро гирифтанд?

7-уми январ бо иштироки намояндагони Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ ва Дастгоҳи иҷроияи президент дар Душанбе маросими супоридани мукофотпулиҳои Президенти Тоҷикистон дар ҳаҷми 622 ҳазору 500 сомонӣ ба 15 ғолиб ва дигар ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ баргузор гардид.

Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ дар сомонааш хабар дода, варзишгарони мукофотпулигирифтаро муаррифӣ намудааст. Дилшод Назаров ҳанӯз моҳи августи соли 2016, баъди аз Олимпиадаи Рио-2016 бо медали тилло баргаштан 300 ҳазор сомониро бевосита аз дасти Президент Эмомалӣ Раҳмон туҳфа гирифта буд. Ба ҷумлаи мукофотгирифтагон варзишгарони зерин шомил ҳастанд:

Фарҳод Неъматов — медали биринҷӣ дар Чемпионати Осиё оид ба таэквандо (Филиппин) бо 20000 сомонӣ (5 ҳазор сомонӣ ба мураббиаш Ҷаҳонзеб Қамишов);
Моҳрӯ Ҳалимова — медали нуқра дар Чемпионати Осиё оид ба таэквандо (Филиппин) бо 40000 сомонӣ (10 ҳазор сомонӣ ба мураббиаш Ҷон Ҳой);
Комроншоҳи Устопириён — медали тилло дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо (Узбакистон) ва медали биринҷӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо 84 ҳазор сомонӣ (21 ҳазор сомонӣ ба мураббиаш Фаридун Устопиров);

Хуршед Маҷидов — медали биринҷӣ дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо байни ҷавонон (Ҳиндустон) бо 5000 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббиаш);

Абдулқосим Файзиев — медали биринҷӣ дар Чемпионати Осиё оид ба гуштини тарзи озод (Филиппин) бо 5000 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббиаш Дилшод Файзов);

Акмал Муродов — медали нуқра дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо байни ҷавонон (Ҳиндустон) бо 10000 сомонӣ (2500 сомонӣ ба мураббиаш Шералӣ Бозоров);

Ҷаҳонгир Маҷидов — медали биринҷӣ дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо байни наврасон (Ҳиндустон) бо 5000 сомонӣ;

Ҳоҷимашраб Раҳмонов — медали биринҷӣ дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо байни ҷавонон (Ҳиндустон) бо 5000 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббиаш Р. Раҷабов);

Азамат Сӯфиев — медали биринҷӣ дар Чемпионати Осиё оид ба гуштини тарзи озод (Тайланд) бо 20000 сомонӣ (5000 сомонӣ ба мураббиаш Абдурозиқ Олимов);

Суҳроҷ Азизов — медали нуқра дар Чемпионати Осиё оид ба гуштини юнонӣ-римӣ (Филиппин) бо 20000 сомонӣ (2500 сомонӣ ба мураббиаш);

Ҷомии Ҳасан — медали биринҷӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо (Булғористон) бо 24 ҳазор сомонӣ (6 ҳазор сомонӣ ба мураббиаш Садриддин Воҳидов);

Ҳамроз Раҷабов — медали биринҷӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо (Буғористон) бо 24 ҳазор сомонӣ (6 ҳазор сомонӣ ба мураббиаш);

Рамазон Шарипов — медали биринҷӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба муайтай миёни ҷавонон (Тайланд) бо 6 ҳазор сомонӣ (1500 сомонӣ ба мураббиаш Мирзоалӣ Ҷалилов) соҳиби Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гариданд.

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ зимни супоридани ҷоизаҳо гуфт, дар соли 2016 ба хазинаи варзишии ҷумҳурӣ 302 медал, аз ҷумла 94 тилло 91 нуқра ва 116 биринҷӣ ворид гаштааст.

Фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” аз 9 январи соли 2015 бо мақсади ҳавасманд ва дастгирии варзишгарон ба тасвиб расида, мувофиқи ин фармон маблағгузории Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии президенти Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Эмоми НАЗАРИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *