Кадр. Чаро WEB-журналистони нав ба майдон намеоянд?
Як савол: мо кадр надорем ё кадрҳоямонро истифода намебарем?
Ҳафтаи гузашта зимни нишасти матбуотӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода хабар доданд, ки имсол аз рӯи ихтисоси WEB-журналист довталабонро қабул мекунанд.
Мо зидди ин ихтисос нестем, зеро WEB-журналист дар ҳоли ҳозир яке аз серхаридортарин ихтисосҳост. Аммо масъалаи мавриди таваҷҷуҳ дигар аст. Масъулини макотиби олии мо чӣ гуна ихтисоси навро ташкил мекунанд? Дуруст аст, имрӯз ба кадри WEB-журналист эҳтиёҷ бисёр аст, вале саволи риторикӣ ин аст, ки масъалаи омӯзонидани донишҷӯён чӣ гуна сурат хоҳад гирифт? Ин саволро барои он додам, ки дар бузургтарин макони омода кардани журналистон – факултети журналистикаи ДМТ ҳам 3 сол қабл ихтисоси WEB-рӯзноманигорӣ ташкил шуда буд ва бо вуҷуди он ки донишҷӯёни соли аввал ҳоло ба курси чорум гузаштаанд, аз худ дар соҳаи WEB-журналистика дараке надодаанд.
Проблема ин аст, ки пеш аз ташкили ихтисос бояд мутахассис ёфт. Мо намегӯем мутахассиси WEB-журналист надорем, аммо бо боварӣ гуфта метавонем, ки ҳамон мутахассисони ангуштшуморро истифода намебарем. Ҳоло вақте расидааст, бояд қабул кунем, ки барои ихтисоси нав ва он ҳам бошад WEB-журналист ташкил кардан чанд муаллимро ба омӯзиши чандрӯза ҷалб кардану почтаи электронӣ кушоданро омӯзонидан кифоя нест.
Агар мо ба ихтисосҳои нав мутахассисҳоро ҷалб накунем, агар мо ба донишҷӯён асли матлабамонро нафаҳмонем, агар мо мутахассисҳоро истифода набарем, бешак бо гузашти даҳсолаҳо ҳам аз ин гуна ихтисосҳо мутахассис намебарояд ва агар дар хориҷи кишвар барояд ҳам, мо онҳоро ба кор намегирем.
Ба фикри мо дар вақти ташкили ихтисоси нав набояд масъулини макотиби олӣ аудиторияҳои холии факултетҳояшонро пур аз донишҷӯ кунанд, балки аввал кадр ёбанд, пас ҳар сол чандин ихтисосҳои нав ба нав таъсис бидиҳанд, зеро хазинаҳои онҳо бе ихтисосҳои нав ҳам ҳамасола пур мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ