Каду кадуи масҷид!
Дар Тоҷикистон дар заминҳои масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақта маҳсулоти полезӣ кишт кардаанд ва ҳоло вақти ҷамъоварии ҳосил аст.
Aфшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон бо нашри аксҳои деҳқонии имом-хатибон хабар дод, ки имсол ходимони дини кишвар «дастуру супоришҳои Сарвари давлат роҷеъ ба истифодаи ҳар ваҷаб замини корамро ба эътибор гирифта, дар назди заминҳои масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта кишти зироатҳои гуногунро ба роҳ монданд.”
Дар заминҳои назди масҷидҳо асосан картошка, ҷуворимака ва маҳсулоти полезӣ кишт гардида, айни замон ҷамъоварии ҳосил шуруъ гардидааст. «Маҳсулоти ҷамъоваришуда асосан ба корҳои хайр сарф мешавад”, — хабар медиҳад Афшин Муқим.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ